Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ШАРАФИ ОЛИМПӢ: МАКТАББАЧАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ TASIMO ХУДРО ДАР ЭЛИТАИ ҶАҲОНИИ МАТЕМАТИКА МУАРРИФӢ КАРДАНД

23 мая 2024 12:05

Количество просмотров: 247

Дастаи 12-нафараи мактаббачагони боистеъдод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии TASIMO, ки рӯзҳои 18-20 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, бомуваффақият иштирок карданд. Чорабинии мазкур 300 нафар иштирокчиёнро аз 10 кишвар гирд оварда, ба майдони намоиши қобилиятҳои барҷастаи риёзии нобиғаҳои наврас табдил ёфт.
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сабқати зеҳнӣ сазовори се мақоми ифтихорӣ гардид. Ин муваффақияти барҷаста на танҳо боиси ифтихор, балки тасдиқи қобилияти барҷастаи риёзй ва эътиқоди қавии шуури наврасони тоҷик хоҳад буд.
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии TASIMO аз Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
1. Душанов Азамат хонандаи синфи 11-и Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, ҷойи II;
Дар баробари ба даст овардани ҷоизаҳо, наврасони тоҷик дар байни ҷомеаи ҷаҳонии риёзӣ соҳиби эҳтиром ва эътироф гардиданд. Муваффақиятҳои онҳо сатҳи баланди таҳсил дар Тоҷикистонро нишон дода, барои наслҳои ояндаи риёзидонҳо намунаи воқеӣ хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки баргузории ин чорабинӣ на танҳо ба рушди илмии иштирокчиён мусоидат намуд, балки як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва маърифатии байни кишварҳо гардид.