1996 | 1997 | 1998 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад. Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони...
Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо олимпиадаҳои фанҳои дақиқ роҳандозӣ мегарданд. Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ҳамасола олимпиадаҳои...
22 феврал дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳафтаи ҳаштуми намоиш-фурӯши китобҳои Нашриёти «Адиб» дар соли равон баргузор мегардад. Дар намоиш-фурӯши китоб 100 нусхаи охири китоби «Шаҳписари Хайём»-и Камол Насрулло ба фурӯш гузошта мешавад. Агар мехоҳед аз асрори зиндагӣ ва марги устод Лоиқ, шигифтиҳои ашъор, дастовардҳои беназири ӯ дар шеъри муосир огоҳӣ дошта бошед, бо муаллифи ин асрор аз назди шинос шаведу соядаст гиред, ба ин намоиш-фур...
“Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм...
Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир мешинохтанд. Шеъраш имрӯз ҳам хонданист, чун шоире буд ҷӯянда, навгӯ. Ғоиб Сафарзода дар қарияи Муллоҷони ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб аз хонадони к...
Дар дебочаи китоб омадааст, ки муаллифон зимни таҳияи ин асар бештар аз осори илмии олимони соҳаи библиографишиносии рус ва библиографишиносони тоҷик истифода шудааст ва ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Зеро, асари мазкур ба масъалаҳои назариявии библиографишиносӣ: аз ҷумла мафҳумҳо ва истилоҳоти бунёдии библиографишиносӣ, ки заминаи назариявӣ ва методологии силсилаҳои фанҳои библиографиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи...
Дар ин китобча нахустин нигоштаҳои талабаи синфи 5-и МТМУ рақами 47-и ноҳияи Сино Мадина Каримзода гирд оварда шудааст. Мадина узви фаъоли махфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбарӣ мекунад. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили “Ҳамешабаҳор” аст. Албатта, нигоштаҳои Мадина ҳанўз шогирдонаанд ва аз камбуд орӣ нестанд. Вале аз азми устувор ва меҳру муҳаббати самимиаш ба сўханварӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ин ду шеър ч...
Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бо...
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30 нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд. Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ «Гулчини ашъор», А. Афсаҳзод «Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ», Т. Зулфиқоров «Ҷойхонаи лаби Ҷар» ва чанд номгӯ китобҳои адибону олимони дигари кишвар, ки ҳамагӣ тоз...
4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Муаллифи беш аз 75 асар илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад. Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Файзал...