Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022 Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022 Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022

12 марта 2022 03:03

Количество просмотров: 16884

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 12 марти соли ҷорӣ дар МТД “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Одилзода Дилбар Раҳим – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Исмоилзода Баҳром Мансур-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи шаш номинатсия: “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе”, “Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе”,  “Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон”, “Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи “Spelling Bee”, Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба “Шоҳмот”, “Ғолибони Олимпиадаи даставии “Истеъдод” мушарраф гардиданд.
Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар Олимпиада бадастоварда аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе”  ҷойи якум дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ ва ҷойи сеюм дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе” аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо 34 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 бо 21 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 бо 20 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 бо 19 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо 17 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бо 15 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо 14 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 бо 12 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 бо 12 ҷойи ифтихорӣ ва Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№54, 20 бо 11 ҷойи ифтихорӣ  ва аз ҳисоби  литсей ва гимназияҳои пойтахт Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо даст овардани 56 ҷойи ифтихорӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 55 ҷойи ифтихорӣ, Литсей-интернати Президентӣ бо ба даст овардани 53 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №74 бо ба даст овардани 36 ҷойи ифтихорӣ,  Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 37 ҷойи ифтихорӣ, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 36 ҷойи ифтихорӣ, Литсейи Хотам ва ПВ бо ба даст овардани 25 ҷойи ифтихорӣ,  Гимназияи Кафолат бо ба даст овардани 24 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо даст овардани 22 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо даст овардани 21 ҷойи ифтихорӣ ва Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо даст овардани 17 ҷойи ифтихорӣ  дастаҳои беҳтарини олимпии муассисаҳои таълимӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки соли дуюм дар пойтахт бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бо чунин шакл ва услуби нав аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур бо сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад дастаи ноҳияи Сино ҷойи аввал дониста шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии “Истеъдод” гардиданд.
Инчунин муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои хубро нишон дода, шумораи ғолибонашон зиёд гашта, ба пешравӣ ноил гардидаанд, бо Сипоснома  сарфароз гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки аз 3854 нафар иштирокчии даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиада 901 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 163 нафар хонандагони синфи 11, 111 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 120 нафар наврасони синфҳои (7-8) ва 92 нафар наврасони синфҳои (5-6), 12 нафар ғолибони олимпиадаи “Speeling Bee”, 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба “Шоҳмот” ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ)  Олимпиадаҳо роҳхат ёфта, ҳамаи онҳо барои омодагӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ба таълим фаро гирифта шуданд.