Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2024

8 мая 2024 02:05

Количество просмотров: 18117

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 7 майи соли 2024 дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаи даставии “Истеъдод”, олимпиада оид ба “Шоҳмот” ва “Spelling bee” баргузор гардид.
Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, то рафт дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.
Танҳо дар ҳамин сол дар пойтахт 8 намуд олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардиданд, ки ин нишондод аз солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5202 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 1206 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки 188 нафари онҳо хонандагони синфҳои 11-ум мебошанд. Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 599 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 223 ҷойи ифтихорӣ мақоми ҷойи дуюм, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо гирифтани 218 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 12 номинатсия: “Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ", “Шуъбаҳои маорифи фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Даҳгонаи муассисаҳои таҳсилоти типи нав дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Ноҳияи фаъол дар самти ҳаракати олимпӣ”, “Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои дар самти ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаи даставии «Истеъдод»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти типи нав дар олимпиадаи даставии «Истеъдод»”, “Беҳтарин дастаи шоҳмотбозони пойтахт”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаи «Spelling Bee»”, “Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти типи нави олимпиадаи «Spelling Bee»”, “Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ” баргузор гардид.
Боиси хушнудиву фараҳмандии мост, ки имрӯз 248 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахриии олимпиадаҳои фанниро сазовор гардиданд, қадрдонӣ гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯз наврасони пойтахт бо вуҷуди ҳанӯз хурдсол буданашон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои илмиву эҷодии худ имконияту қобилияти фарзандони Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои дигар ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.
Маркази матбуотии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе