2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 | 3 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
4 Апреля 2022 04:04
Количество просмотров: 9742
Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар ин олимпида хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда бо дастовардҳои назарас ноил шуданд. Аз ҷумла барои иштирок дар ин олипида ба хонандагон ва муаллимони литсей "Ифтихорнома" ва "Диплом" аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тақдим карда шуд.
Натиҷаи дастоварди хонандагон ва устодони Литсей:
Вализода Марзия - аз фанни Биология ҷои 2-юм;
Нуруллозода Беҳрӯз - аз фанни География ҷои 2-юм;
Исроилов Олимҷон – аз фанни Химия ҷойи 3-юм;
Нуралиев Камолиддин - аз фанни География ҷойи 3-юм.
Ҳар кадоми онҳо дар давоми 4 соли охир ҳамасола медалҳои олимпиадаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба хазинаи литсей овардаанд. Ва дар натиҷа онҳо ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявии синфҳои 11-ум гардиданд. Муаллимоне, ки ин хонандагонро солҳои тӯлонӣ ба пирӯзӣ овардаанд:
Носирова Наргис Саидмуродовна аз фанни География;
Собиров Хушанг Мардонович аз фанни Химия.