2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
21 Января 2022 04:01
Количество просмотров: 4941
Имрӯз ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳамоиши мазкурро бо суруди миллӣ ҳусни оғоз намуданд. Дар ҳамоиши мазкур ҳамаи хонандагони пойтахт ва ҳамчунин хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " низ ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиш ба як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ ба хонандагони пойтахт аз ҷониби Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳо супорида шуд.
12 НАФАР ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022 ГАРДИДАНД
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал қарор додааст. Баҳри ҳавасмандгардонии ин соҳа ҳамаҷиҳата кӯшиш варзида истодаанд. Яке аз ин кӯшишҳояшон ин таъсиси стипендияи Президентӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз таъсис ёфтани стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва маблағи он марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи Соли ҷавонон эълони намудани соли 2017 теъдоди стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 ин шумора бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 3000 ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар як гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 30 нафар хонандаи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмун иштирок намуда, 12 нафарашон гирандаи стипендияи Президентӣ гардиданд.
1. Исмоилзода Манижа Баҳром 12.04.2009
2. Хошимзода Бунафша 26.09.2008
3. Мухамадиев Ардашер Сино 04.07.2007
4. Зоиров Анушервон 17.04.2007
5. Абдуллоев Абдулло Хуршедович 25.06.2007
6. Пирова София 07.07.2007
7. Тагоева Ануша 07.08.2006
8. Шарифзода Лола 21.06.2007
9. Туйчиева Азиза 13.06.2006
10. Хайдарова Дилноза 15.06.2007
11. Курбонова Мадина 19.10.2006
12. Давлатёрова Назарбахт 13.08.2006
Омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи бонуфузи кишвар миннатдории худро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, боз ҳам кӯшиш менамоем, ки баҳри Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандае гузорем.