1983 | 1984 | 1985 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
2-юми июли соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 11) баргузор гардид. Дар маросими мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Баҳром Исмоилзода - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳ...
ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР СОБИҚ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ЧУБЕНКО ЛИЛИЯ ВЛАДИМИРОВНА- МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ОЛИМПИАДАҲО ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАҚОМ ВА МАРТАБАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ САҲМИ НИҲОЯТ БУЗУРГРО ГУЗОШТААНД.
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ Омӯзгорон ва хонандагони гиромӣ! 27 июн мардуми шарафманди тоҷик 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба даст омадааст, ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем ...
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид. Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ...
МУНТАЗАМ ДАСТ ШӮЕД Мунтазам дастони худро бо ёрии маҳлулҳои спиртдор пок намоед ё бо собун шӯед. Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар рӯи дастон вирус мавҷуд бошад, коркарди дастҳо бо ёрии маҳлулҳои спиртдор ё шустани онҳо бо собун онро нобуд месозад. ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФОСИЛАРО РИОЯ НАМОЕД Аз одамон дар масофаи на кам аз 1 метр дур истед, хусусан агар онҳо сулфа, зуком ва ё ҳарорати баланд дошта бошанд. Ин барои чӣ лозим аст? Одами гирифтор ба сирояти роҳҳои нафас, аз қабили COVID-19, ҳангоми...
Имруз дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи Spelling Bee ва олимпиада оид ба Шоҳмот ташкил ва баргузор гардид. Дастаи олимпии пойтахт аз рӯи олимпиадаи Spelling Bee фаъолона ширкат варзида, сазовори 2 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз рӯи олимпиада оид ба Шоҳмот дастаи олимпии Душанбе -1 сазовори Ҷоми ҷойи аввал ва беҳтарин дастаи ҷумҳурӣ дониста шуд. Натиҷаи дав...
Тибқи нақша ҳамасола олимпиадаҳои байналмилалӣ байни хонандагон баргузор мешаванд. Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" дар соли хониши 2020-2021 дар ин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (кенгуру) бо як тайёрии хуб ва маҳорати баланд иштирок намуда ҳамаги 67-ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки дар ин олимпиадаи мазкур саҳми омӯзгорони фани математика Солиев Раҷаббек Қурбоналиевич, Навру...
1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб раси...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон. Кӯдакони меҳрубону саодатманд! Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 71 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам. ...
29-30-юми майи соли равон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (барои хонандагони синфи 9-10) баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 1309 нафар хонанда ширкат варзиданд. Дар оғоз директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова довталабонро ба шартҳои озмун ошно намуд. Тибқи Низомномаи олимпиадаҳо барои фанҳои ҷамъиятӣ-г...