Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 24 25 26
27 28 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

3 ҶОМИ ДАСТАВӢ ВА 21 МЕДАЛИ ХОНАДАГОНИ ЛИТСЕЙ АЗ  14-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ДОНИШ ДАР АНТАЛИЯ"

8 ноября 2022 03:11

Количество просмотров: 2563

Аз 31-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия  14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот ташкил ва баргузор гардид.
      Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд. 
Мавриди ёдоварист, ки дар олимпиадаи мазкур 195 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 26 нафарро хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил менамуд.
     Хонандагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонон  сазовори 3 ҷоми даставӣ: аз фанни забони англисӣ ҷойи 2, биология ҷойи 2, математика ҷойи 3 ва 21 медал гардиданд. Аз  шумораи ин медалҳо 3 нафар сазовори ҷойи 1, 11 нафар сазовори ҷойи 2 ва 7 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд.
     Инчунин, дар қисмати фарҳангии олимпиада аз рӯйи хониши бадеӣ хонандаи синфи 7 Азонов Иброҳим сазовори ҷойи 1 ва аз рақси беҳтарин хонандаи синфи 11 Хакимова Ануша сазовори ҷойи 2 гардиданд.
     Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино, роҳбарияту омӯзгорони литсей ва наздикону пайвандон бо як самимияти хоса истиқбол намуданд