Санаи 20 - уми марти соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки устодон ва хонандагони муассиса чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Хонандагони фаъоли муассиса ин ҷашни ҷаҳониро бо як рӯҳи болида ва хотири ҷамъ дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Зимни баргузории ин чорабинии муҳим Ҷонишини директор оид ба тарбия Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич суханрони намуда шо...
Дар асоси нақша-чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба даври финалии мусобиқаи варзишии волейбол хонандагони синфи 11 сабқат намуданд. Дар ин сабқат хонандагони синфи 11 А бар ҳисоби 2:0 ғолибятро ба даст оварданд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки васеи омӯзгорон ва кормандони муассиса баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 11 зери роҳбарии муаллима Мухторова Моҳира Аҳроровна бо як масъулияти баланд ҳунарнамои намуданд.
Таҳти ин шиор дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ субҳи рӯзи шанбе қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 5-11 машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид, ки ин чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич&nb...
Тибқи нақшаи моҳонаи литсей бахшида ба ҳафтаи фанни химия дар толори маҷлисгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Хонандагони литсей маҳорати эҷодии худро дар ҳафтаи фаннии химия хеле хуб нишон дода аз ширинӣ элементҳои химиявӣ омода намуданд, инчунин аъзоёни маҳфили дастони моҳир дар нақшу нигор элементҳои химиявиро инъикос намуданд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ доир гардид. Ҷонишини директор оид ба тарбия Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич аз таърих ва роҳи тайинамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои ...
20.02.2020. ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД. ИН ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БО ТАШАББУСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ТИБҚИ НАҚША ДАР ИН МУСОБИҚА ДАСТАҲО АЗ СИНФҲОИ 8 ТО 11 ҲУҚУҚИ ИШТИРОКРО ДОРАНД. НОГУФТА НАМОНАД, КИ ДАР ҶАМЪБАСТИ ИН МУСОБИҚА ҒОЛИБОНРО ИФТИХОРНОМА ВА ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ ИНТИЗОР АСТ.
08.02.2020. Шанбегии дастаҷамъонаи кормандон, омӯзгорон ва хонандагон дар хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин рӯз аҳли кормандон барои тоза кардани ҷуйборҳо, тоза намудани гирду атрофи хобгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани гулҳои мавсимӣ, фаъолона иштирок намудан.
30.01.2020 Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони...
Санаи 23-юми ноябри соли 2019 дар Литсей-интернати Президентӣбарои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Сараввал чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Асомиддин Элчибеков ҳусни оғоз бахшид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон, омӯзгорон, хонандагон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ханандагони синфи 10 бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳ...