16.11.2023
Количество просмотров: 9719
Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Инчунин, байни хонандагону омӯзгорон мусобиқаҳои варзишӣ, соатҳои тарбиявӣ оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва раванди созандагии кишвар гузаронида шуд.
Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон