07.03.2022
Количество просмотров: 4151
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар он бонувон, фаъолзанон, кормандони литсей иштирок намуданд.
Нахуст Муовини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатулло Исмоил тамоми бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.
Сидиқзода Баракатулло Исмоил зикр кард, ки “модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад ва бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки "Зиндаги аз модар сарчашма мегирад". Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳангу, таммадунсозу таммадунофари тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад”.
Имрӯз Зан-Модари тоҷик роҳбари оқилу кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар хонадон аст.
Дар фарҷом ба хотири фароғати иштирокдорон дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи Зан-Модар бо иштироки устодон ва хонандагони литсей пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон