21.02.2022
Количество просмотров: 4600
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Панҷиев Файзулло Фатҳулоевич бо иштироки хонандагони синфҳои з "А" - и Литсей дар сатҳи баланд доир гардид. Хонандагон ин чорабинии мазкурро бо шеъру суруд ва саҳначаҳаи ҳаҷвӣ, ки дар васфи Ватан-Модар бахшида шудаанд ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ хонандагон бо раҳбари синф қайд карданд, ки имрӯз Артиши Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо як артиши тавоно табдил ёфтааст, ва ба ҳар гуна хавфу хатарҳои гуногун истодагарӣ карда метавонад. Ва имрӯз мардони далеру шуҷои ватан баҳри ободу озодии ватан адои хизмат карда истодаанд.
Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон