Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

     




Порядок внутри лицея

ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН БА МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ, ЛИТСЕЙ ВА ГИМНАЗИЯҲО БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

1.     Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби қабули хонандагон ба Мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи гимназия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Санади мазкур тартиби қабули хонандагон ба Мактабҳои Прези-дентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқатро муайян мекунад.

3. Ҳангоми қабули хонандагон, падару модари онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо Оинномаи муассисаи таълимӣ, Қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа шинос карда мешавад.

4. Ҳангоми қабул риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба таҳсил, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, риоя гардида, озод ва шаффоф будани кори комиссияи қабул ва додани баҳои ҳаққонӣ ба маҳорат ва дониши дохилшавандагон таъмин карда мешавад.

5. Хонандагон ҳуқуқ доранд, ки дар сурати азхуд накардани барномаҳои таълимии шакли мураккаб тибқи талаботи Низом-номаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои дилхоҳ барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озодона гузаранд.

6. Шумораи синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба миқдори хонандагони аз озмун гузашта ва шароитҳои амалигардонии раванди таълим ва бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ва талаботи литсензионӣ, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

7. Ба Мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат кӯдакон, ки нишондиҳандаҳои мухолифи тиббӣ (гирифтории иллатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ) надоранд, қабул карда мешаванд.

2.     Тартиби қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории санҷишҳо

8. Қабул ба муассисаи таълимӣ баъди эълони озмун дар воситаҳои ахбори омма (радио, телевизион ва рӯзномаҳои расмӣ) аз тарафи комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Озмун дар муассисаҳои мазкур якшанбеи охири моҳи апрел бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши директори муассиса гузаронида мешавад.

9. Қабули ҳуҷҷатҳо ба комиссия дар асоси аризаи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо мақсади муайян намудани имконияти азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз тарафи хонанда гузаронида мешавад.

10. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани қабул дар муассиса бо фармоиши директор комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Тартиби кор, муҳлат, тарзи баргузории кори комиссияи қабул ва аъзои он тибқи Низомномаи комиссияи қабул, ки онро муассиса тасдиқ менамояд, сурат мегирад.

11. Ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо дар шакли муқарраргардида санад дар бораи қабули ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

12. Қабули ҳуҷҷатҳо дар дафтари шакли муқарраргашта, ки саҳифаҳояш рақамгузорӣ шуда, таноббандӣ ва бо муҳри муассиса тасдиқ гардидааст, қайд карда мешавад.

13. Дар рӯзи охиррасии қабули ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раис ва ё котиби комиссияи қабул  қарори махсус оид ба анҷом расидани қабули ҳуҷҷатҳо бароварда мешавад.

14. Дар муддати на бештар аз як ҳафта аз рӯзи ба қайдгирии ҳуҷҷатҳо комиссияи қабул дар бораи роҳ додани дохилшаванда ба санҷишҳо, дар бораи тартиби иштироки ӯ ба озмун қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба довталаб хабар медиҳад.

15. Ҳангоми қабул ҳуҷҷатҳои дохилшавандагоне, ки дар варақа (табел)-и пешрафташон баҳои «3»  аст, қабул карда намешавад.

16. Маводи санҷишии дохилшавӣ (корҳои хаттӣ, тестҳо ва ғайра) ҳар сол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, на дертар аз ду ҳафта то оғози санҷишҳои дохилшавӣ тасдиқ карда мешаванд.

17. Котиби комиссияи қабул ба корҳои хаттӣ ва маводҳои тестӣ рамз-гузорӣ намуда, барои санҷиш ба ҳайати доварон пешниҳод менамояд.

18. Санҷиши корҳои хаттӣ дар бинои муассисаи таълимӣ аз тарафи аъзои комиссияи санҷишӣ, ки бо пешниҳоди Раиси комиссияи қабул аз тарафи директори муассиса тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

19. Ҳангоми ба охир расидани санҷиши дохилшавӣ аз фанҳои муқар-раргардида корҳои хаттӣ ба котиби комиссияи қабул супорида мешавад. Шахсоне, ки корҳои хаттиро дар муҳлати муқарраргардида ба охир нарасонидаанд, онро дар шакли нотамом месупоранд.

20. Дохилшавандагоне, ки аз санҷиш баҳои «2» ва ё «3» гирифтаанд,  тибқи пешниҳоди комиссияи қабул аз ҳуқуқи таҳсил дар муассисаҳои мазкур маҳрум карда мешаванд.

21. Маъмурияти муассиса бо хоҳиши дохилшавандагон барои хонан-дагоне, ки аз санҷиш гузаштаанд, курсҳои 5-6 рӯзаи омӯзишӣ таш-кил мекунад, ки хонандагони аз санҷиш гузашта, бо талабот ва ҷараёни таълим дар муассисаи мазкур  ошно гарданд.

22. Натиҷаи санҷиши дохилшавӣ пас аз арзёбии натиҷаи кори ҳамаи довталабон эълон карда мешавад.

23. Шахсоне, ки ба санҷиши дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок наомадаанд, дар рафти аттестатсия аз иҷрои санҷиш ихтиёран даст кашидаанд ва ё баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд, ба муассисаи таълимӣ қабул карда намешаванд.

24. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани санҷиш ва шиносоии падару модар ба корҳои хаттии дохилшавандагон дар назди комиссияи қабул комиссияи аппелятсионӣ тибқи Низом-номаи комиссияи қабул, ки онро муассиса тасдиқ намудааст, сурат мегирад.

25.Корҳои хаттии дохилшавандагон ба муддати як сол дар варақаҳои шахсии пешниҳодгардида нигоҳдорӣ шуда, корҳои хаттии шахсоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баъд аз се моҳи ба анҷом расидани санҷиш тибқи пешниҳоди директор нобуд карда мешаванд.

26. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолати набудани ҷойи холӣ (барои синфҳои 2,3,4,6,8,9 ва 11) қабули шаҳрвандро рад намоянд.

Агар Мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат тибқи литсензия ва иҷозатнома имкони қабулро аз синфи якум дошта бошанд, тартиби қабул ба синфҳои ибтидоӣ ба таври зайл аст: 

3.     Тартиби қабул ба синфи 1

27. Ба синфи  якум кӯдакон тибқи боби 2, банди 27-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нишондиҳандаҳои мухолифи тиббӣ (гирифтории иллатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ) надоранд, қабул карда мешаванд.

28. Раисии комиссияи қабул ба синфи якумро муовини директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ роҳбарӣ мекунад. 

29. Натиҷаи қабул дар ҷаласаи ҷамъбастии комиссия баррасӣ гардида, тибқи фармоиши директор ба расмият дароварда мешавад.

30. Ба комиссияи қабул падару модари хонанда (шахсоне.ки онҳоро иваз мекунанд) ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба номи директори муассиса аз падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд),

- шаҳодатномаи таваллуд (асл ва нусха) ва шиносномаи яке аз падару модар,

- маълумотномаи тиббии хонанда, бо қайди он ки ӯ имконияти таҳсил дар муассисаи таълимиро дорад,

- маълумотнома аз маҳалли зист,

- 2 дона расми 3х4,

31. Бо мақсади муайян намудани омодагии кӯдакон барои таълим бо розигии падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) суҳбати равоншинос ва омӯзгор бо кӯдак гузаронида мешавад.

32. Ба синфи якум ҳар сол хонандагон якшанбеи охири моҳи июн қабул карда мешаванд.

33. Миқдори синф ва рӯйхати хонандагони аз суҳбат гузашта баъд аз 15 рӯзи озмун ба маълумоти падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) расонида мешаванд.

34. Дар ҳолати будани ҷойҳои холӣ дар синфи якум моҳи август (даҳаи аввал) озмуни иловагӣ гузаронида мешавад.

35. Қабул ба синфи якум дар ҳолатҳои зерин имконият надорад:

- дар сурати набудани ҷойҳои холӣ;

- дар ҳолати мавҷуд будани иллатҳои ҷисмонию равонии кӯдак, ки аз тарафи марказҳои саломатӣ ва маслиҳатхонаҳои  тиббӣ-педагогӣ ба тавсиб расидааст;

- хулосаи равоншинос оид ба омода набудани кӯдак барои таҳсил дар ин намуди муассисаҳо;

- мувофиқат накардани синнусол мувофиқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

36. Агар Мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат имкони аз зинаи ибтидоӣ қабул карданро надошта бошанд, метавонанд аз зинаи дуюм тибқи тартиби зайл амал намоянд:

4.     Тартиби қабул ба синфҳои 5,7

37. Мактабҳои Президентӣ ва гимназияҳо, ки аз зинаи ибтидоӣ имкони қабулро доранд, зарурати ба синфҳои 5,7 қабул намудани хонандагони навро надоранд. Аз ҳисоби хонандагоне, ки барномаҳои таҳсилоти ибтидоиро бомуваффақият аз худ намудаанд, метавонанд, таълими синфҳоро аз рӯи забонҳои таълим муайян намоянд.

38. Ба синфҳои 5,7 хонандагоне, ки таҳсилоти умумии ибтидоиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гирифта, барномаҳои таҳсилоти ибтидоиро бомуваффақият аз худ намудаанд ва шартҳои озмунро бомуваффақият гузаштаанд, қабул карда мешаванд.

39. Миқдори синфҳои 5,7 ва шумораи ҷойҳои холиро маъмурияти муассиса муайян мекунад ва тариқи воситаҳои ахбори омма барои қабул озмун эълон менамояд.

40. Ҳангоми қабул ба зинаи дуюми таҳсил майли хонанда ба таълими равиявӣ (касбӣ) ба назар гирифта мешавад.

41. Раиси комиссияи қабулро ба синфҳои 5,7-ум тибқи фармоиши директори муассиса муовини директор оид ба таълиму тарбия роҳбарӣ мекунад.

42. Дар ташкили синфҳои 5,7-ум талаботи зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- дараҷаи тайёрии хонандагон ба азхудкунии барномаи таълимии сатҳи муайян ва вазъи саломатии онҳо;

- хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд);

- имкониятҳои муассиса (бо кадрҳо, синфхонаҳо, адабиёти таълимию методӣ ва базаи моддию техникӣ таъмин будан).

- қабули хонандагон баъд аз озмун аз рӯи хулосаи ташхиси пурраи психологию тиббӣ, мутобиқи сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсус ба роҳ монда мешавад.

- давраи якум-аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳои фаннӣ: забони модарӣ, забони русӣ (диктант-1 соат),

- даври дуюм-санҷиши тестӣ аз математика ва табиатшиносӣ (аз ҳар фан 30 саволӣ);  

43.Тестҳои қабули хонандагон ба синфҳои 5,7 аз 60 савол иборат буда, дар доираи фанҳои таълимие, ки нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои зинаи аввали таҳсил пешбинӣ гардидааст, дар бар мегирад. Барои ҳар як саволи тестӣ ба хонандагон 3 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад.

44. Натиҷаи қабул дар ҷаласаи ҷамъбастии комиссия баррасӣ гардида, тибқи фармоиши директор ба расмият дароварда мешавад ва баъди санҷишҳо ба диққати падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) ва дохилшавандагон расонида мешавад.

45.Дар сурати будани ҷойи холӣ тибқи пешниҳоди директори муассисаи таълимӣ дар моҳи август (даҳаи  аввал) озмуни иловагӣ барои қабули хонандагони синфҳои 6,8,9,10 тибқи маводи пешниҳодгардида қабул карда мешавад.

46. Дар литсейҳо аз рӯи талаботи Низомномаи литсейҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ: физика, химия, биология ва математика (алгебра) корҳои санҷишӣ тестӣ (аз ҳар фан 20 саволӣ) гузаронида шуда, барои ҳалли ҳар як саволи тестӣ ба хонанда 1,5 дақиқа вақт дода мешавад.

47. Дар гимназияҳо аз рӯи талаботи Низомномаи гимназияҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ: забони модарӣ-нақли хаттӣ, забони русӣ-диктант, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва забони хориҷӣ ба тариқи тестӣ (аз ҳар фан 20 саволӣ) гузаронида шуда,барои ҳалли ҳар саволи тестӣ 1,5 дақиқа вақт дода мешавад.

48. Ба зинаи сеюм довталабон вобаста ба мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, дар асоси талаботи зайл қабул карда мешавад.

5.Тартиби қабул ба синфи 10

49. Ба синфи 10 хонандагоне, ки таҳсилоти умумии асосиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гирифта, дорои шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти умумии асосӣ мебошанд ва аз озмун бомуваффақият гузаштаанд, қабул карда мешаванд.

50. Қабул ба зинаи сеюми таҳсилот бо назардошти мавҷуд будани ҷойҳои холӣ  дар асоси барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

51. Раиси комиссияи қабулро ба синфи 10-ум тибқи фармоиши директори муассиса муовини директор оид ба таълим ва тарбия роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати комиссия устодони муассисаҳои таҳ-силоти олии касбӣ, ки муассиса ба онҳо шартнома дорад, низ ворид карда мешаванд.

52. Барои қабул ба синфи 10 ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- аризаи хонанда ё падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунад)- и дохилшаванда;

- нусхаи шиноснома (шаҳодатнома дар бораи таваллуд),-маълумот дар бораи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намудани воли-дайн;

- нусхаи аслии шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти умумии асосӣ;

- ҳуҷҷатҳои тиббӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии падару модар (дар алоҳидагӣ);

- 2 дона расми 3х4;

53. Дар интихоб ва қабул хонандагони зерин имтиёз доранд:

- ғолибони олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон, озмун ва мусобикаҳои илмии байналмилалӣ;

- хонандагоне, ки берун аз нақшаи таълим аз курсҳои махсус гузашта, сертификат гирифтаанд;

- хонандагоне, ки таҳсилоти умумии асосиро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд.

54.Озмуни дохилшавӣ вобаста ба равияи таълим аз 6 фан (20 саволӣ) тавассути  саволҳои тестӣ аз фанҳои забон ва адабиёт, забони русӣ, забони хориҷӣ, таърих, ҳуқуқ, алгебра, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ доир карда мешавад. Озмун ва ҷамъбасти натиҷаҳои санҷишӣ тестӣ (имтиҳоноти дохилшавӣ) тавассути компютер анҷом меёбад.

55. Тестҳо тибқи тартиби қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2014, №2/26 «Дар бораи ба тариқи тест гузаронидан ва хатм» гузаронида, санҷиш ва баҳогузорӣ карда мешавад.

56. Қабули хонандагон ба муассисаи таълимӣ дар асоси қарори комиссияи қабул аз тарафи директор анҷом дода шуда,ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) иттилоъ дода мешавад.

57. Эҳтиёҷмандоне, ки ба хобгоҳ ниёз доранд ва дур аз муассисаи таълимӣ зиндагӣ мекунанд дар вақти қабул дар асоси аризаи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.