Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

     




Аттестатсия

Намунаи  саволҳо барои аттестатсияи омӯзгорон
1.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардидааст ва аз чанд банд иборат аст?
2.Мақсади аттестатсияи омӯзгорон аз чӣ иборат аст?
3.Кадом асноди муҳими соҳаи маориф ҷараёни таълиму тарбияро ба низом медароранд?
4.Консепсияи миллии таҳсилоти ҶТ кай қабул гардидааст?
5.«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» кай тасдиқ шудааст?
6.Қонуни забони ҶТ аз чанд боб ва модда иборат аст?
7. Муаллим чиро бояд донад?
8. Кай Қонуни забони ҶТ тасдиқ шудааст?
9. Вазифаҳои асосии хизматии муаллим кадомҳоянд?
10. Мувофиқи кадом ҳуҷҷат ҳуқуқ ва вазифаҳои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад?
11.Кадом ҳуҷҷатҳои давлативу байналмилалӣ ҳуқуқҳои кӯдакро ҳимоя мекунанд?
12. Субъектҳои раванди таълим киҳоянд?
13.Кадом ҳуҷҷат ҳадди ақали дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон, инчунин сифати таҳсилотро дар зинаҳои гуногуни мактаб муқаррар менамояд?
14. Таҳсилоти миёнаи умумӣ аз чанд зина иборат аст?
15. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардид ва аз чанд боб  ва чанд модда иборат аст?
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардид ва аз  чанд  боб иборат  аст?
17. Кадом зинаҳои таълим сатҳи появии таҳсилоти миёнаи умумии асосиро ташкил медиҳанд?
18. Дар муассисаи таълимӣ кадом шахсон ба фаъолияти педагогӣ роҳ дода намешаванд?
19. Вазифаҳои муассисаи таҳсилоти умумиро номбар кунед?
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кай қабул гардид ва аз чанд бобу модда иборат аст?
21.Се самти фаъолияти муаллимро номбар намоед?
22. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ дорои кадом ҳуқуқҳо мебошанд?
23. Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 кай ва дар куҷо қабул гардид?
24. Ҳадафи шашуми рушди устувор чӣ маъно дорад?
25. Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак аз чанд қисм ва модда иборат аст?
26. Воситаҳои таълим, вазифа ва хелҳои онро шарҳ диҳед?
27. Навъҳои аз ҳама маъмули дарсро номбар намоед?
28. Дарси муосир ба кадом талаботҳо бояд ҷавобгӯ бошад?
29. Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 кай қабул гардид ва аз чанд банд иборат аст?
30. Се навъи усулҳои таълимро номбар намоед?
31. Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикис-тон кай қабул гардид?
32. Портфолио чист?
33. Кадом шаклҳои супоришҳои тестӣ вуҷуд доранд?
34. Мониторинг чист?
35. Сифати таълим чист?
36. Бо кадом мақсад дар муассисаи таълимӣ иттиҳодияҳои методӣ амал мекунад?
37. Кадом ҳуҷҷат низому қоидахо ва ҳуқуқу вазифаҳои муассисаро ба танзим медарорад?
38. Дар куҷо корманди соҳаи маориф фаъолияти касбии худро намоиш дода метавонад?
39. Кадом навъҳои кор дар дарс вуҷуд доранд?
40. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардид ва кадом солҳо ба он тағирот ворид гардид. Аз чанд боб ва модда иборат аст?
41.  Аттестатсия чист?
42. Кадом моддаи Конститутсияи ҶТ ҳуқуқ ба таҳсилро ифода ме-кунад?
43. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва аз тарафи кадом мақомот тасдиқ гардид? Аз чанд боб ва модда иборат аст.
44. Литсей аз гимназия чӣ фарқият дорад?
45. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ иштирокчиёни раванди таълим киҳо мебошанд?
46. Барномаи таълимӣ чист?
47. Таълим чист?
48. Нақшаи таълимӣ чӣ гуна ҳуҷҷат  аст?
49. Киро  кӯдак  меҳисобанд?
50. Дарс аз чанд қисми асосӣ иборат  аст?  

Намунаи ариза ва тавсифнома барои тахассус

Неверный информационный блок