7-12-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1-умин Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оман, Туркия, Қатар, Миср, Қувейт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Тайланд иштирок намуданд. Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбари даста иштирок намуданд. ...
Ҳамкасбон азиз, шогирдони мӯҳтарам. Ҳамаи Шумо ва кулли мардуми азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” ва 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта , ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат , файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд , руйдоди м...
Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардош...
Рӯзҳои 31-уми октябр то 7-уми ноябр соли 2021 дар Ҷумҳурии Туркия 13-умин Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст 39 нафар иштирокчиёни олимпиада ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар сазовори ҷойи 1, 12 нафар сазовори ҷойи 2 ва 17 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд...
Ҳамватанони азиз! Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегир...
Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз! Имсол Рӯзи Конститутсия бо 30 солагии истиқлоли давлатӣ рост омад, ҳамаи Шуморо ба муносибати 27 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям. Бисту ҳафт сол муқаддам дар кишвари маҳбуби мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санади тақдирсоз мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам ҷ...
Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 10 ноябри соли 2021 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур 7016 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанн...
Иштирокчиёни Анҷумани VI Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нахустин фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ғайратзода Лайло Диловар, Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна, Ҷонишини ...
Имруз дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Дар аввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба...
Дирӯз дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номина иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ...
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Мавриди зикр аст, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару мод...
Номи системаи базавӣ (платформа): Microsoft Windows Таҳиягарон: Microsoft Технологияҳо: СО (Системаи оператсионӣ) МУНДАРИҶА Навоварӣ (Инноватсияҳо) Нашрияҳо Навсозиҳо Маҷмӯи хидматрасонӣ 1 Бастаи хидматрасонӣ 2 Маҷмӯи хидматрасонӣ 3 2017: Идомаи нашри навсозиҳо Талаб...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз...
Бахшида ба рӯзи омӯзгорон дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодон ва омӯзгорон борои хизматҳои шоиста ва дар саҳмгузори дар таълиму тарбияи насли наврас бо унвонҳову ифтихорномаҳо ва "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд.
Устодону омӯзгорони мӯҳтарам! Иди касбии тарбиятгарони насли ояндасоз Рӯзи омӯзгоронро ба кулли кормандон соҳаи маорифи кишвар самимона табрик мегӯям. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад аз бехирад тира рӯзгор. Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро...
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм! Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омӯзгор арҷгузоранд, ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор равшангари дилҳо, машъалафрӯз ва парчамбар...
Санаи 25.09.2021 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи хусусии Кафолат - и ноҳияи Сино озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 доир гардид. Озмунро Нуров Маҳмадназар - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд. ...
22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати...
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. И...