Хонандагоне, ки аз МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар озмуни Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин бахшида ба Рӯзи пойтахт доир гардида буд ба чунин дастовар ноил шуданд: 1. Азаматзода Тахмина синфи 9А иншо 1 ҷойи аввал 2. Акобирова Рамзия 11В иншои беҳтарин 3. Фариштаи Фатҳудин синфи 8 Е расми беҳтарин
Дар таърихи 16-уми апрели соли 2022 дар толори «Кохи Суруш» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар ҷараёни он ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои мухталиф доир шуд. Инчунин 13 нафар хонандагони муассиса, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе муваффақ гардиданд дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд: Шералиева Сосона синфи 7Д Холова Дил...
ш.Душанбе. 16.04.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Р...
Санаи 15.04.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштироки хонандагони синфҳои 1-4 ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин озмун Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна иштирок намуда донишу малака ва истеъдоди хонандагонро аз назар гузарониданд. Хонандагон бо як таёрии хуб ҷамъ омада шеъру ғазал ва рубоёти аз бар кардаи худро пешкаши ҳозирин на...
15-уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Абдулзода Зиёдулло, директори Маркази миллии тестии назди През...
Давлатёрова Назарбахт хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиби озмун гардид.
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таълимии хусусии “ХОРИЗОН” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. ...
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини баргузории озмун аз ҷумла сохорҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёати маориф, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳайати ҳакамон ва довталабони даври шаҳрии озмун ширкат намуданд. Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиё...
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Озмуни мазкур бори аввал бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир шуда, дар он 55 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Дар маросими ифтитоҳи расмии озмун сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода иброз дошт, ки озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон в...
Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2021”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2021”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад. ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 05.04.2022, №144 Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” дар шаҳри Душанбе Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хо...
Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин олимпида хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда бо дастовардҳои назарас ноил шуданд. Аз ҷумла барои иштирок дар ин олипида ба хонандагон ва муаллимони литсей "Ифтихорнома" ва "Диплом" аз ҷониби Вазири маориф ва ил...
Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром ...
Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” намояндагони кумитаи тадорукоти озмун, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ширкат варзиданд. Қайд кардан ба маврид ...
Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар ...
Санаи 3.04.2022 дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” идомаи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, тибқи Низомномаи озмун бахши амалӣ баргузор гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар рӯзи дуввум вобаста ба бахши амалии даври ноҳиявии озмуни мазкур аз рӯйи 2 шарте, ки дар низомномаи озмун муқаррар гардидааст, яъне: - “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон); - “Қироати шеър” (бо се забон) байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия...
2-юми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо ...
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2022, №86 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”, даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Озмун бо мақсади мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани за...
Осорхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд шанбеи охири ҳар моҳ барои хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври ройгон Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд. Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин иқдомро ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат — дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ тарбия намудани кӯдакон ва наврасон равона намудааст. Хонандагон...
Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз маросими кушодашавии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бахши назариявии озмуни мазкур дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” оғоз гардид. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” вобаста ба баргузории бахши назариявии озмуни мазкур маълумот дода шуд. Вобаста ба ин, иштирокчиён дар бахши назариявӣ аз рӯйи шартҳои зерин рақобат намуданд: - “Эссе” (бо се забон...
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе” озмуни "Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе " Барои солҳои хониши 2021 -2022 эълон гардида буд. Имрӯз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душа...