Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






4 апреля 2022 03:04

Количество просмотров: 5967

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” намояндагони кумитаи тадорукоти озмун, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ширкат варзиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 30-31 марти соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” гузаронида шуд.
Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ба ғолибон ва волидайни онҳои ҷиҳати тарбияи дурусти хонанда ба донишандӯзӣ, иштирокчиёни фаъоли даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ва омӯзгорони онҳо сипосномаву ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ тақдим гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” 12 нафар ғолибон аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва 10 нафар барои иштироки фаъоли худ ва инчунин волидони ҳар як хонандаи ғолиб сазовори сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ҳуқуқи иштирок кардан дар даври шаҳрии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” доранд.

277648316_519543712894638_5349901547666571270_n.jpg