Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хонандагони синфҳои 1 аз 3-юми июн ва хонандагони синфҳои 2-11 аз 7-уми июн ба таътил мебароянд

1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб раси...

1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон. Кӯдакони меҳрубону саодатманд! Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 71 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам. ...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии даставӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10

29-30-юми майи соли равон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (барои хонандагони синфи 9-10) баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 1309 нафар хонанда ширкат варзиданд. Дар оғоз директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова довталабонро ба шартҳои озмун ошно намуд. Тибқи Низомномаи олимпиадаҳо барои фанҳои ҷамъиятӣ-г...

Муваффақияти навбатии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

Санаи 22-23 - юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдод...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ (синфҳои 5-6) ва табиӣ-риёзӣ (синфҳои 5-6)

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебо...

Баргузории ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсозии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзо...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот намуданд

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни р...

Озмуни турсунзодахонӣ бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

«Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қураи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст». Чунин зикр гардид дар ҳамоише, ки дар китобхонаи МДТ “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” доир гардид. Ин ҳамоиш  ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода гузаронида шуд. Дар ин ҳамои...

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ПОЙТАХТ ДАР САБҚАТИ МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ БОЗ БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД.

Яке аз нишододҳои сифатан беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад, ки дар онҳо ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, дар се соли охир дар байни минтақаҳои кишвар сазовори ҷойи аввал дониста мешаванд. Дар асоси фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳ...

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи...

Ҷашни зафар муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Пас аз чанд рӯз, яъне рӯзи 9-уми май сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 76-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин мун...

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона мераванд

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона, ки то 31 август идома меёбад, фиристода мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомном...

ХАТМКУНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ АЗ ОЗМОИШИ ПЕШАКИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТАНД

Бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолият дар самти интихоби касб, инчунин омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар заминаи Маркази баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ кулли хатмкунандагони муассисаи таълимӣ аз имтиҳонҳои пешакии ...

Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони  ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ  сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯда...

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз...

Суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия! Ҳозирини гиромӣ! Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад. Аз солҳои 2000–ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПЕШВО"

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Л.Д. – директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пешво” Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд. Тибқи рӯзномаи Маҷлиси ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пешво” давоми семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Ҳамчунин Исмоилзода Б.М. бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ваз...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз! Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад. Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбаш...

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҷамъбаст шуд

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар он аз чор ноҳияи пойтахт сенафарӣ иштирок намуданд, ки чор нафари онҳо омӯзгори Литсейи Президентӣ Ҳушанг Собиров, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душ...

Мактаббачагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Менделеев оид ба химия ширкат меварзанд

Хонандагони Тоҷикистон дар 55-умин Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия барои  мактаббачагон (IMO-55) баромад мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва, ки ташкилкунандаи олимпиада мебошад, иттилоъ медиҳад. Олимпиадаи Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон — озмуни бузурги байналмилалӣ мебошад. Он дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд. Вазифаҳоро барои...