Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






22 мая 2021 11:05

Количество просмотров: 15503

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад. 

Мавриди зикр аст, ки дар сабқати имрӯза 811 нафар ғолиби даври минтақавию вилоятӣ, аз ҷумла, аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 318 хонанда ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 493 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, география, математика, ботаника ва технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат менамоянд.

189217490_324075485774796_7944699194199025475_n.jpg