Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст.

Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст. Офтоб ҳамагӣ 8 соат нур мепошад ва пас аз он тӯлонитарин шаби сол фаро мерасад. Ва фардо, 21 декабр, рӯзи кӯтоҳтарини сол хоҳад буд. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо ин рӯзро ҳамчун Шаби Чилла - оғози зимистон ҷашн мегирифтанд. Дар Эрон ин шабро Шаби Ялдо меноманд. Дар ин шаб одат шудааст, ки ашъори Ҳофизи бузургро хонда, ба дастархони идона анор, тарбуз ва дигар хӯрокҳои махсус мегузоранд. Шаби Ялдо ё шаби  Чилла баландта...

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Тавре иттилоъ дода будем, 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  269 нафар довталаб  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.  Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, х...

ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ГАРДИД

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд, ки дар маросими ифтитоҳии он Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр...

ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

 Рӯзҳои 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад.    Дар натиҷаи ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони даври сеюми озмун дар даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.     Даври ҷамъбастии озмуни  мазкур аз ҷониби ҳайати комиссияи ҷ...

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ   5 ...

Дар 5 муассисаи таълимии пойтахт барномаи «eDonish» фаъол гардид

Дар Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ,  директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомот...

Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 7 то 15 декабр дар Душанбе доир мегардад

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи на...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад. Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони...

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамдиёрони арҷманд!          Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ буда, ҳамчун нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори...

Дастоварди навбатии хонандагони Литсейи Президентӣ дар олимпиадаи байналмилалии шаҳри Анталияи Туркия

Хонандагони литсейи Президентӣ ба тариқи фосилавӣ дар XII-умин олимпиадаи Байналмилалии ш. Анталияи Туркия ширкат намуда соҳиби 10 ҷой гардиданд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони литсей аз фанни забони англисӣ 5 нафар, биология 3 нафар ва математика 2 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҷойи I - 3 нафар Ҷойи II - 4 нафар Ҷойи III - 3 нафар

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ТОҶИКИСТОН.

Хонандаи синфи 11 "Б" Хидиров Хизиралӣ дар озмуни шаҳрӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ ва риёзӣ барои дарёфти "ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" иштирок намуда соҳиби ШОҲҶОИЗА ва дипломи дараҷаи I дар соҳаи математика гардид.

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Муҳтарам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!          Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  бо камоли шодмониву ифтихормандӣ Шумо ва аҳли хонадони Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош  гуфта, бароятон тансиҳатӣ, пирӯзию сарбаландӣ...

«МАН ҲАМАИ ШУМО, ХАЛҚИ АЗИЗАМ ВА ХУРДУ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОНРО СИДҚАН ДӮСТ МЕДОРАМ». Эҳдо ба Рӯзи Президент

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бешубҳа, барқарор шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки он бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст. Чунин иброз дошт муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума МУИНӢ. Ӯ дар идома андешаҳояшро бахшида ба Рӯзи Президент чунин баён дошт: — Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳам...

ДАР ТОҶИКИСТОН ХАЛҚ ВА ПРЕЗИДЕНТ БА МАРҲИЛАИ ЯГОНАГӢ ВА ЭЪТИМОД БА ҲАМ РАСИДААНД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ...

Лоиҳаи эҷодии Амина Мансурова, хонандаи синфи 2В-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон

Салом, ман Амина Мансурова, хонандаи синфи 2 "В" -и Литсейи президентӣ - барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳастам. Ҷумҳурии мо аз ҷиҳати оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 2-юм қарор дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 то 2028  даҳсолаи "Об барои рушди устувор" эълон карданд. Муаллимаи ман Бекназарова Мадина Давлатёрова. Ман бо роҳбарии муаллимаам дар мавзӯи "Об манбаи ҳаёт" лоиҳа омода...

НЕКӢ НЕКӢ ОРАД БА БОР. Ва ё рисолати адабиёти кӯдакона дар ниҳоди бачагон ташаккул додани хислатҳои наҷиби инсонист

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бибӣ ва чил набера» китобчаеро бо ороиши зебо ва иборат аз чанд ҳикояи шавқангезу марғуб барои кӯдакон ба нашр расонид. Муаллифи асари тозанашр Бурҳон Салмон мебошад. Ӯ чун муҳаррири китобча — нависанда, тарҷумон ва публитсист Бахтиёри Муртазо ба муаррифии хосса ниёз надорад. Зеро аҳли қалам ва ва хонандагони сершумори хушзавқ ӯро чун муаллифи ҳикояҳо, рӯзноманигор ва мутарҷим дер боз мешиносанд ва ба нигоштаҳояш баҳои сазов...

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ. Бори нахуст аз фанни физика барои дарёфти Ҷоми АМИТ озмуни шаҳрӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/ бори нахуст байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе аз фанни физика барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  озмуни шаҳрӣ оғоз гардид. Озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020-2040 ташкил гардидааст. Зимни ифтитоҳи озмун президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, к...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям. Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ...

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамватанони азиз! Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои  зиндагиро таманно менамоем. Воқеан, мардуми моро бахту саодати бузурге насиб шудааст, зеро Конститутсияи мо...

Нақши Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ

Дар кишвари мо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-соли таърихӣ сипарӣ мегардад ва мо шоҳиди онем, ки арзишҳои волои ин бахтномаи миллат барои таъмини мустақилияти комил, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири мо нигаронида шудаанд. Дар шароити муосир нақши рўзафзуни Конститутсия ҳамчун санади олиии ҳуқуқӣ дар  давлатдории ҳар як давлати соҳибихтиёр равшан муайян гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар муддати 29-соли истиқлоли давлатӣ и...