Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






12 ноября 2020 04:11

Количество просмотров: 15335

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бибӣ ва чил набера» китобчаеро бо ороиши зебо ва иборат аз чанд ҳикояи шавқангезу марғуб барои кӯдакон ба нашр расонид. Муаллифи асари тозанашр Бурҳон Салмон мебошад. Ӯ чун муҳаррири китобча — нависанда, тарҷумон ва публитсист Бахтиёри Муртазо ба муаррифии хосса ниёз надорад. Зеро аҳли қалам ва ва хонандагони сершумори хушзавқ ӯро чун муаллифи ҳикояҳо, рӯзноманигор ва мутарҷим дер боз мешиносанд ва ба нигоштаҳояш баҳои сазовор медиҳанд. Ин қаламкаши пуркор барои кӯдакону наврасон низ ҳикояҳо менависаду мекӯшад, то онҳо ба табъи хурдсолон созгор бошанд. Бо ҳамин анъанаи дерини адибони моро идома дода, дар рушди адабиёти кӯдакон саҳм мегирад, ки шоистаи таҳсин аст.

Ба назари мо, китобчаи Бурҳон Салмон «Бибӣ ва чил набера» аз чанд ҷиҳат ба талаботи жанри адабиёти кӯдакона ҷавобгӯст. Аввалан, сужаи ҳикоёт дар заминаи қиссаву ривоёте сохта шудаанд, ки барои кӯдакон ҷолиб ва ба табъи онҳо мувофиқанд. Ба ҳайси қаҳрамон гоҳо аҳли вуҳуш- Хирс, Гург, Рӯбоҳ, Шағол, Ҷайра, Сагча, Занбӯр ва парандагон баромад мекунанд, ки таваҷҷуҳи хонандагони хурдсолро ба таври хосса ҷалб менамоянд. Сониян, забони ҳикояҳо бисёр содаву равону дилчасп ва барои кӯдакон фаҳмо мебошад, зеро дар он калимаҳое ба кор рафтаанд, ки кӯдакон дар муошират бо калонсолон истифода мебаранд. Ин хеле муҳим ва яке аз шартҳои асоии адабиёти кӯдак аст.

Он чизеро, ки мебояд махсус таъкид кард, аҳамияти тарбиявии ҳикояти маҷмӯа мебошад. Онҳо ба хонандагон ва сомеъон хислатҳои олии инсонӣ- накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳмдилию мурувват нисбат ба ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба каслонсолон ва ғайраро талқин месозанд.

Ана як мисол. Дар замонҳои хеле қадим як шахс дар зимистони сард дар рӯи замин ду парандаи нимҷонеро мебинад, ки бо сабаби хунукию борони сахт афтида, маҷрӯҳ шуда, аз парвоз мондаанд. Тибқи ривоят, парандаҳо дар он замон забони одамиро медонистаанд ва ба он шахс мегӯянд, ки аз Ҳиндустон ҷониби Сарандеб парвоз доштанд, вале дар ин ҷо дармонданд. Он марди раҳмдил парандаҳои бемаҷолро ба аробааш бор карда, ба хонааш мебарад ва то шифо ёфтани онҳо ва фаро расидани гармӣ нигоҳубин мекунад. Баъд онҳоро раҳо мебахшад. Соли дигар он парандагон бармегарданду дар минқорҳои худ донакҳои чанд хел зардолую шафтолую бодом, тухми анору анҷир оварда, ба он марди наҷиб туҳфа мекунанд. Мард донакҳоро зери хок мекунад ва дере нагузашта, боғҳои сабзу хуррам пайдо мешаванд. Ин ҳикояҳо ба кӯдакон талқин мекунанд, ки некӣ некӣ орад ба бор. Чунин мисолҳо дар ҳикояҳои ин маҷмӯа хеле  зиёданд.

Чандин сол аст, ки дар мамлакати мо бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Ин масъулият аз волидайн тақозо менамояд, ки фарзандонро аз хурдӣ ба тарбияи хуб фаро гиранд ва дар ниҳоди онҳо хислатҳои наҷиби инсониро ташаккул диҳанд. Водор намудани онҳо ба хондани ҳикоёти пандомӯз, ки мо намунаашро овардем, агар онҳо ҳанӯз чашми савод набароварда бошанд, дар хона ва боғча қироат намудани онҳо ба ин кори хайр мусоидат менамояд. Рисолати адабиёти кӯдак низ ҳамин аст.

https://khovar.tj/2020/11/nek-nek-orad-ba-bor-va-yo-risolati-adabiyoti-k-dakona-dar-ni-odi-bachagon-...