Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






8 сентября 2022 04:09

Количество просмотров: 9518

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.
Муҳтарам омӯзгорону хонандагон!
Мардуми хирадсолори тоҷик имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дарад. Бо истифода аз фурсат бо қалби пур аз ифтихор ва ихлосу фараҳмандӣ  Шуморо ба ин ҷашни фархундаи миллат сидқан табрик менамоям.
Воқеан, Истиқлолият вожаест, ки ҳар нафари соҳибватан онро ба таври хосса маънидод мекунад. Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат ва сарвати бебаҳоест, ки аз ормонҳои чандинҳазорсолаи гузаштагонамон бармеояд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва илмӣ ноил гардид. Ин аст, ки сокинони шарафманди мамлакат бо шукргузорӣ аз зиндагии орому осуда, бо заҳмати созанда пояи давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, тараннумгари ваҳдату ҳамдилӣ ҳастанд.
Аз ин рӯ, бори дигар ҷашни воқеан ҳам арзишманди миллию давлатиамон, 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо таҳният гуфта, бароятон хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям!