Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8
10 мая

7-8-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи озмун хонандагон вобаста ба фан...

13 ҷойи ифтихорӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ
3 мая

Рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май даври ҷумҳурияви Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ) дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор” ташкил ва баргузор гардид. Дар ин Олимпиада хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори 13 ҷой гардиданд, ки аз инҳо: ҷойи 1-ум - 4 нафар, ҷойи 2-юм - 8 нафар, ҷой...

Ғолибияти хонандагони пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 7-8 фанҳои табиӣ-риёзӣ
3 мая

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2022, №518 “Дар бораи гузаронидани даври чоруми ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май даври ҷумҳурияви Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география, биология, технологияи иттилоотӣ) дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон оғоз гардид
30 апр

30-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дар литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон в...

Ба диққати наврасон ва ҷавонони шаҳри Душанбе!
30 апр

МД "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди маорифи шаҳри Душанбе" Шуморо барои иштирок дар ҳафтаи технология, иноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе даъват менамояд. Тӯли ҳафта чорабиниҳои зерин баргузор мегардад Дарси маҳорат (Мастер класс, тренинг) оид ба барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ; Кори амалии барномасозӣ, сохтани моделҳои техникиву инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ зери роҳбарии устодону коршиносон ва мутахассисони баландихтисос; Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Ду...

Баргузории олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Литсей интернати Президентӣ
30 апр

Субҳи имрӯз Олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти муассиса ҳамаи хонандагоне, ки аз дуру наздик дар ин олимпиада ҷамъ омаданд хуш омадед гуфтанд. Сипас барои онҳо барору комёбӣ орзӯ намуд.  Зимни вохӯрӣ вобаста ба вазъи омодагии хонандагон ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои муассири кор бо тест ва самаранок ...

Рӯзи 2-юми май дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи истироҳат аст.
28 апр

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарусадо дар бораи баргузории дарсҳо дар Иди Фитр дар муассисаҳои таълимиро рад мекунад. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф гуфт, рӯзи 2 май рӯзи истироҳат аст. 

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзиро пешниҳод намоем. Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ғолиби ҷойи дуюм  шуданд, бо медали ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи дуюм, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷик...

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни Технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-хоразмӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмиро пешниҳод намоем.    Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технология...

Ғолибони олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ барои хонандагони синфи 11 аз Литсей-интернати Президентӣ
19 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Саддам Юсуфӣ, Тлатова Томирис ва Маҳмадализода Фарида низ иштирок намуда ва ғолиби олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ гардиданд. Ва...

Ғолибони олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфи 11 қадрдонӣ шуданд
18 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъ...

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд
18 апр

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд. Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022  фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти...

Дастоварди навбатии хонандагони Литсей-интернати Президентӣ дар Рӯзи пойтахт
18 апр

Санаи 16.04.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душан...

Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин озмун бахшида ба Рӯзи пойтахт

Хонандагоне, ки аз МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар озмуни Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин  бахшида ба Рӯзи пойтахт доир гардида буд  ба чунин  дастовар ноил шуданд: 1. Азаматзода Тахмина синфи 9А иншо 1 ҷойи аввал 2. Акобирова Рамзия 11В иншои беҳтарин 3. Фариштаи Фатҳудин синфи 8 Е расми беҳтарин

Барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2021 – 2022 аз Литсей-интернати Президентӣ

Дар таърихи 16-уми апрели соли 2022 дар толори «Кохи Суруш» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар ҷараёни он ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои мухталиф доир шуд. Инчунин 13 нафар хонандагони муассиса, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе муваффақ гардиданд дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд: Шералиева Сосона  синфи 7Д Холова Дил...

"ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ" - ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 16.04.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Р...

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Литсей-интернати Президентӣ байни хонандагони синфҳои 1-4

Санаи 15.04.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштироки хонандагони синфҳои 1-4 ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин озмун Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна иштирок намуда донишу малака ва истеъдоди хонандагонро аз назар гузарониданд. Хонандагон бо як таёрии хуб ҷамъ омада шеъру ғазал ва рубоёти аз бар кардаи худро пешкаши ҳозирин на...

Даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ оғоз гардид

  15-уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Абдулзода Зиёдулло, директори Маркази миллии тестии назди През...

Давлатёрова Назарбахт хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Президентӣ ғолиби даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" дар ноҳияи Сино

Давлатёрова Назарбахт хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиби озмун гардид. 

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ  ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”
15 апр

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таълимии хусусии “ХОРИЗОН” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.         ...