Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Конфронсияи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" дар Литсей-интернати Президентӣ Конфронсияи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" дар Литсей-интернати Президентӣ

14 декабря 2021 03:12

Количество просмотров: 13250

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронсия бо номи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" доир гашт. Бо роҳбарии Панҷиев Файзуло Фатҳуллоевич хонандангони синфи 3 "А" дар китобхонаи литсей ҷамъ омада ин конфронсияро бо Суруди миллии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин дар конфронсия Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна, Роҳбари Созмони хонандагон Усмонов Абулхайр, Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатулло Исмоил ва омӯзгори "Суруд ва мусиқӣ"  Ниёзов Соҳибназар Ниёзович низ иштирок доштанд. Хонандагон дар ин ҳамоиш шеъру сурудҳои пурмазмуни шоирони форсу тоҷикро қироат намуданд. 

Дар фарҷоми ҳамоиш барои хонандагон аз номи роҳбарияти Муассисаи таълимӣ "Ифтихорнома" тақдим гардид ва барои болидахотир гаштани фароғати иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

photo_2021-12-14_14-55-36 (2).jpg