Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






18 марта 2020 08:03

Количество просмотров: 31720

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 5 феврали соли 2020 ба тасвиб расид, дар вилояти Суғд барои ғолибони   ҷойҳои ифтихорӣ аз 4000 то 10​ 000 сомонӣ ва  ба барандаи Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмун 20​ 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Озмуни мазкур миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),​ калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат)  доир мегардад.

Тибқи низомномаи озмун иштирокчиёни озмун ба се гурӯҳи зерин ҷудо карда мешаванд:

  1. Тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
  2. Донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)
  3. Калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) гузаронида мешавад».

Тибқи тарбиби баргузории озмуни мазкур, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун-гирандагони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза ба ихтисосҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси мактуби тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бе имтиҳон ва ройгон қабул карда мешаванд.