Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






16 декабря 2021 10:12

Количество просмотров: 5871

Хонандаи синфи 10-и литсейи Президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе Нигина Назарова соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кўдакон ва наврасон «Экология - кори ҳар нафар аст» дар номинаи «Экология дар ҷаҳон» гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби Хадамоти федералии назорати идоракунии муҳити зисти Федератсияи Русия  «Росприроднадзор» ташкил карда шуд, ки ба он Нигина Назарова дар мавзуи «Экология - кори ҳар нафар аст» тариқи онлайн гузориши видеоӣ пешниҳод намуд.

Озмуни мазкур 25-уми ноябр дар шаҳри Москва тариқи конфронси онлайнӣ ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон қариб 200 нафарро ба ҷоиза пешбарӣ намуд: 96 нафари онҳо аз рўи 12 номина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карданд, 4 ҷоиза ба журналистон дода шуда, 86 нафар иштирокдор бо мукофотҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Росприроднадзор» лоиҳаи барҷастаест, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, ҷалби кўдакону наврасон ба барномаи экологӣ ва дастгирии фаъолияти экологии онҳо мебошад. Озмун миёни наврасони аз 7 то 16-сола гузаронида мешавад. Дар озмун наврасон тариқи онлайн аз 21 давлати ҷаҳон – Перу, Беларус, Панама, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Мексика, Ҳидустон, Чин ва Колумбия иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.