Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






6 апреля 2020 05:04

Количество просмотров: 19178

Имрӯз, рӯзи чорум аст, ки  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари мамлакат бошукӯҳ ҷараён дорад. Имсол Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасмим гирифтааст, ки тӯли як ҳафтаи Фестивал намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибонро доир намояд.  

Ба Фестивали мазкур тамоми хонандагони муассисаҳои мамлакат ҷалб гардида, қобилияти шеърхонӣ, мутолиаи китоб ва расмкашии худро нишон медиҳанд. Ҳамчунин баргузории барномаҳои гуногуни шавқовар барои кӯдакону наврасон, мулоқоту конфронсҳо, суҳбатҳо бо адибон, намоиши китоб ва муаррифии китобҳои тозанашр доир мегарданд. Инчунин озмун аз рӯи панҷ номинатсия гузаронида мешавад, ки беҳтаринҳои он бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

125457859653-1-298x300.jpgЯке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг- ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир мебошад.

Тавре дар суҳбат бо мо муҳаррири Муассисаи нашриявии «Маориф» Зарина Шафиева иброз дошт, «мо имрӯз зиёда аз сад номгӯй китобҳои бадеии бачагонаро ба намоиш-фурӯш пешниҳод намудем. Баргузории чунин намоиш-фурӯши китоб барои наврасон манфиатовар аст. Зеро онҳо метавонанд ба китобҳои ба синнашон мувофиқ дастрасӣ дошта бошанд. Муассисаи нашриявии «Маориф» барои мактаббачагон бештар китобҳои дарсӣ ва бадеӣ нашр месозад. Муассисаи мо ҳар сол тақрибан то 70 номгӯй китобҳои бадеӣ аз чоп мебарорад».

Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани фестивал ҳар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии фестивалро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, назорат намуда, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.