Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






31 марта 2022 12:03

Количество просмотров: 14547

Аз 2 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта доир мегардад.

Фестивал 2 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо намоиши китобии «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!», намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши «Лаҳзаҳо аз фестивал», намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мешавад.

Идомаи фестивал 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар Муассисаи таълимит миёнаи умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад.

4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, Муассисаи  таълимии миёнаи умумии № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва соати 14.00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун барномаҳо бахшида ба иди китоб идома меёбанд.

5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона-филиали №10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаи китоби кӯдакону наврасонро таҷлил менамоянд.

Фестивал 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, Муассисаи таълимии миёнаи умумии №55 –и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои пойтахт идома меёбад.

Барномаҳои маърифатии фестивал 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе маҳфилҳои китобхонию маърифатӣ доир мегарданд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»  9 апрел, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва супоридани туҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъол ҷамъбаст мегардад.