Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бонувону модаронамон босавод бошанд

Ҳазрати Расули Акрам фармудаанд, ки баъд аз имон бузургтарин дороии мард дар зиндагӣ зани донишманду шоиста аст. Ҳамзамон дар ин маврид адиб ва мутафаккири рус В. Г Билинский хеле хуб гуфтааст: «Зан маҳбубаи шаҳвар не, балке рафиқу аниси ҳаётии мост ва мо бояд ӯро ҳурмату эҳтиром кунем». И.Кант мегуяд; «Зане, ки ғайр аз рўз кур кардан кору бори дигар надорад, дере нагузашта аз худаш безор мешавад».  Зан сарчашмаи ҳаёт, ҷароғи рўзгор ва оинаи зиндагист. Дар тӯли таърих ҳамеша занон дар ...

Дар Вазорати маориф ва илм барои пешгирӣ аз коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфтааст

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд. Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири маориф ва илм, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд. Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми муас...

МУҲАНДИСИ РӮҲИ ОДАМИЗОД. Ба Рӯзи байналмилалии нависанда бахшида мешавад

Рӯзи байналмилалии нависанда амалан дар тамоми кишварҳои олам 3 март таҷлил мешавад. Унвони пурраи ин ид  Рӯзи байналмилалии сулҳ барои нависанда буда, он дар конгресси  байналмиллалии ПЕН – клуб, ки аз 12 то 18 январи соли 1986 гузаронида шуда буд, таъсис ёфтааст. ПЕН – клуб  соли 1921 дар Лондон бунёд гардида, номи он аз се ҳарфи аввали алифбои англист, ки дар айни замон ҳарфҳои нахустини вожаҳои шоир,  очеркист ва романистро дар англисӣ ба ҳам меорад. Аҷиб ин аст, ки худи вож...

Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид

Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мураттибӣ ва муҳарририи нависанда Садриддин Ҳасанзода аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Дар аввали маҷмӯа матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ҷойгир шудааст. Таҳлилу тафсири нукоти муҳими...

«ХОНАИ БЕКИТОБ МИСЛИ РӮЗИ БЕОФТОБ АСТ…». Ва ё имрӯз интернет бархе аз ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст

«Нақл мекунанд, ки Абуалӣ ибни Сино подшоҳи Сомониён Нуҳ ибни Мансурро табобат кард ва ӯ шифо ёфт. Нуҳ ибни Мансур аз Ибни Сино пурсон шуд, ки дар ивазаш ба ӯ чӣ туҳфа кунад. Ибни Сино дар ивази хизматаш аз подшоҳ хоҳиш намуд то ӯро барои даромадан ба китобхона иҷозат диҳад. Подшоҳ дарҳол ин хоҳиши ӯро пазируфт ва ӯро ба китобхони бузурги дарбор роҳ доданд. Китобхона хонаи дуюми «Сивон-ул-хикмат» — Ибни Сино гардид ва дар тӯли 3 соли омӯзиш дар он ҷо ӯ нобиға гардид. Ҳатто он қадр му...

Сарсухани марҳум Аълохон Афсаҳзод ба китоби “Пандномаи Анӯшервон”

Донишманди шинохтаи тоҷик, марҳум   Аълохон  Афсаҳзод соли  2008 ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоби “Пандномаи Анӯшервон” дар як муқаддимаи муфассал чанд шарҳе ироа карда, ки хонандаро на танҳо бо муҳтавои китоб, балки таърихи иншо ва муаллифи он ошно мекунад. Ҳарчанд то кунун муаллифи аслии китоб дақиқан маълум нест, вале Аълохон Афсаҳзод талош кардааст ҳадсу гумонҳои пажӯҳишгаронро оварад, то хонанда тасаввуроте дар ин бора ҳам дошта бошад. Лозим донистем ин муқаддимаро бознашр кунем ва аз...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "Оламе рӯй ниҳоданд ба ашъори Камол, Ки хаёлоти латиф аст дар оби суханаш" БАХШИДА БА 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ. Зиндагинома Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таъ...

Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ 20-сола шуд

Имрӯз ба муносибати 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт. Ҳамчунин дар ин макони ифтихорӣ  ва рӯзи хотирмон беш аз 150 нафар хонандагони фаъоли пойтахт дар вазъияти тантанавӣ баъди қабули  савганд  ба сафи Созмони мазкур  аъзо гардиданд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар маросими узвият ба сафи созмони хонандагони шаҳр намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокими...

Модарномаи муҳоҷири овора

Эссеи  «Модарномаи  муҳоҷири  овора» дар  эҷодиёти  Сайдаҳмади  Зардон  ҷойгоҳи  вежа  дорад. Онро  ба  далели   латофати  баён  ва  ҷазобияту  салосати  сухан  метавон  шеъри  мансур  низ  номид. Ёди  Модару  Ватан, меҳри  сарзамини  адждодӣ  ва  азизону  пайвандон  ягона  дороӣ, буду  шуди  қаҳрамони  асар  аст, ки  дар  ша...

Таърихи адабиёт дар ҷаҳон Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

Аз имрӯз тарҳи нав оғоз мекунем. Ҳадаф муаррифии хонандагон бо чеҳраҳои адабии олам ва таърихи рушди ададбиёти ҷаҳон аст. Тарҳи навро аз Юнони Бостон шуруъ мекунем, чун эҳтимолан хелеҳо таърихи адабиёт дар ин қитъаи оламро, ки бузургтарин адибону файласуфонро ба ҷаҳониён додааст, камтар медонанд. Фоҷианомаҳои Юнони Бостон  Фоҷианомаҳои Юнон шабаҳи асосии худро аз сурудҳои умумиҷаҳони (хор) гирифтааст, ки пайдоиши онҳо ба ибодати худо Дионис алоқаманд аст. Барои ҳамин хор дар фоҷиа (традегия) ва...

ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 5-УМ БА САФИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ.

ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 5-УМ БА САФИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САВГАНДИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН «Мо хонандагони синфи 5 - ум ба сафи Созмони хонандагон, зинаи «Ворисони Сомониён» - и Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дохил шуда, дар назди виҷдон ва ҳамсолони худ савганд ёд мекунем, ки талаботи Оиннома ва Низомномаи Созмонро ҳатман риоя карда, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоем. Дар корҳои ҷа...

Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд. Эмомалӣ Раҳмон  Чун маълум аст, ки дар хусуси китоб, нақ...

БАҲМАНЁР Сулаймонӣ. “Ҳазор ҳикмати ҳакимон”

Инсоният  аз  нахустин  рўзҳои  шинохти  хеш   ба  андешаи  ноб  ниёз  дорад  ва  умедвор  аст,  ки   матолиби  дарккардааш  манфиати  миллӣ   дошта   бошта  бошанд. Аз  ин  рў, дар ҳама  давру замон афроди  алоҳида  талош  меварзанд, ки  шахси  фаромарзӣ   бошанд. Тамоми  аҳдоф  ва  хоҳишоти  мусбии  инсон&nbs...

УБАЙД РАҶАБ Адабиёти бачаҳо ва тарбияи ахлоқ

Вазифаи адабиёти кўдакон пеш аз ҳама тавассути каломи бадеъ ва образҳои ибратомўз дар кўдак тарбия кардани накўтарин хислат ва сифатҳои инсон аст. Роҳи  паймудаи адабиёти тоҷик дурустии ин матлабро тасдиқ мекунад. Собит шудааст, ки маҳз кўдак аз адабиёт беш аз ҳама ибрат мегирад. Чунон ки мегўянд, кўдак ду маротиба тавлид мешавад.  Бори аввал он вақт, ки ба дуньёи равшан меояд...

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ.

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф ва Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе маросими ҷоиза супории даври сеюми олимпиадаи (шаҳрӣ)-и фаннии хонандагон баргузор гардид. Дар соли таҳсили 2019-2020 дастаи олимпии Литсей-интернати президентӣ бо гирифтани 43 ҷойи ифтихорӣ дар шаҳри Душанбе беҳтарин дастаи олимпӣ дониста шуд. Ногуфта намонад, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз заҳмату талошҳои бес...

Дар Душанбе ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 қадрдонӣ гардиданд

Имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии Литсейи№3 шаҳри Душанбе бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз ҷараёни баргузории ин маросим гузориш медиҳад, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Сарраёс...

БИСТСОЛАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Мулоҳизаҳои Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ роҷеъ ба дастури таърихӣ ва мубраму муҳими Пешвои миллат

Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад. Эмомалӣ Раҳмон  Дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи «асолати милливу динӣ», ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти «ҷаҳонбинии илмии замони муосир» тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ин замина ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳамияти умда дорад. Чунин...

БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20.02.2020. ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД. ИН ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БО ТАШАББУСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ТИБҚИ НАҚША ДАР ИН МУСОБИҚА ДАСТАҲО АЗ СИНФҲОИ 8 ТО 11 ҲУҚУҚИ ИШТИРОКРО ДОРАНД. НОГУФТА НАМОНАД, КИ ДАР ҶАМЪБАСТИ ИН МУСОБИҚА ҒОЛИБОНРО ИФТИХОРНОМА ВА ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ ИНТИЗОР АСТ. ...

АРТИШИ МИЛЛӢ— СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

   Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлолият ва якпорчагии марзу буми Ватанро аз душманони ошкору пинҳон ҳифз менамояд.    Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қа...

21 феврал – Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст

Ҳамасола  21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид. Ба ақидаи забоншиносон, иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ- ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллиест...