Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои таб...
Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд» бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил в...
Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин макон корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррам...
Дирӯз, 12 январи соли 2020 риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ канда шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, д...
Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакатАкрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷ...
Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мура...
Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд. Ин матлабро устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров иброз намуда, доир ба ёдгории қадимаи ха...
Фароштурук парандаи соли 2020 эълон гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд. Интихоб намудани фароштурук ҳамчун парандаи сол бесабаб ...
Таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида шуданд? Ба гуфти сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳо рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷа...
Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд. Кинофестивал аз ду озмун: озм...
Ҳамватанони азиз! Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам. Соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои соза...
Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд. Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафак...
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мамлакатро ҳидоят намуданд, ки «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем». Дар робита ба ин, Пешвои миллат аз иқдоми наҷибашон паём дода, зикр карданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи та...
Устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳамеша таъкид менамуданд, ки халқи тоҷик аз азал завқи каломи воло дорад. Воқеан, ашхоси гуногун сарфи назар аз касбу кору пешаи худ ба эҷоди асарҳои бадеӣ даст задаанд ва аксаран муваффақ ҳам шудаанд. Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Зикри номи марди накӯном Ҳабибулло Назаров кофист, ки ходими намоёни давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруф буд ва ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра к...
26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИР...
Аз 03-юм то 12-уми декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар 16-ум олимпиадаи байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои ФИЗИКА, ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ баргузор гардид. Дар ин олимпиада беш аз 300 нафар иштирокчиён аз 70 давлати дунё ширкат намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ намояндагӣ намуданд. Синну соли иштирокчиёни ин олимпиада то 15 соларо дарбар мегирифт. Иштирокчиён аз фанҳои ХИМИЯ, ФИЗИКА ВА БИОЛОГИЯ дар се давр - тестӣ, назариявӣ ва амалӣ қувваозмоӣ намудан...
Китоби нави дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (1992-2017гг): исторические аспекты становления и развития» (25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992-2017): ҷанбаҳои таърихии ташаккул ва рушд» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли охир ҳикоят мекунад. Таҳлили...
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто...
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2019 дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинии идона аз ҷамъомади пагоҳирӯзи шуруъ шуда хонандагони муассисаи таълимӣ баромадҳои хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи-илмӣ назариявӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинии бошукуҳ нависандаи халқӣ Кароматулло Мирзоев ва шоири ...