Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 21.12.2021, №176/9 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва дарёфт намудани хонандагони болаёқат 3 январи соли 2022 даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии...
Рӯйхати ғолибони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1. Исмоилзода Манижа Баҳром 12.04.2009 2. Хошимзода Бунафша 26.09.2008 3. Мухамадиев Ардашер Сино 04.07.2007 4. Зоиров Анушервон 17.04.2007 5. Абдуллоев Абдулло Хуршедович 25.06.2007 6.&nbs...
Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва хонандагони азиз! Инак Соли нави мелодии 2022-юм фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба ҳар яки Шумо табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик сабт гарда...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. ...
Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 8 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунов...
ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ФОСИЛАВИИ УМУМИИ РОССИЯ “УЧИ.РУ” И “VK” АЗ РӮИ БАРНОМАСОЗӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 1-9 МАРҲИЛАИ АСОСӢ ДЕКАБРИ СОЛИ 2021
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраё...
28 декабр дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид, хабар медиҳад аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ҳавасмандгардонии хонандагон яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар даври дуюми (ноҳиявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино хонандагони...
Хонандагон Литсей-интернати Президентӣ дар XIII Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гашт иштирок карданд. Дар ин олимпиада хонандагон 13 ҷой (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти муассиса ва омӯзгороне, ки шогирдонро барои иштирок дар ин олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ омода месозанд.
Дар даври дуюми ноҳиявӣ олимпиадаҳои фаннии хонандагони ноҳияи Сино ар толори Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар ш. Душанбе баргузор гардид. Хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 60 (12 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” хонандаи синфи 7 Қурбонова Зинат сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин барои саҳм...
Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиадаи “SPELLING BEE”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018 таҳти №18/6 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби М...
Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад, хабар дод муовини сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ...
Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021» 22-24 декабр, «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом...
Мо бо усулу барнома ва конспектҳои кӯҳнаи худ ҷавононро наметавонем соҳибкасб намоем. Аксарияти омӯзгорони мо системаи нави иттилоотӣ ва кор кардан бо донишҷӯёнро намефаҳманд. Бояд аз ин усули таълим даст кашида, онро ислоҳ намуд ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 декабр зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани соҳаи таҳс...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба ...
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, паёми анъанавии худ ба парлумони кишварро оғоз кард. Паёми раисиҷумҳур мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш шуд. Раисиҷумҳури кишвар чун анъана дар паёми худ натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян мекунад. Илова бар ин, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар соли 2022 масоили нави калидӣ барои мақомотро муайян хоҳад кард. ...
Хонандаи синфи 10-и литсейи Президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе Нигина Назарова соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кўдакон ва наврасон «Экология - кори ҳар нафар аст» дар номинаи «Экология дар ҷаҳон» гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Хадамоти федералии назорати идоракунии муҳити зисти Федератсияи Русия «Росприроднадзор» ташкил карда шуд, ки ба он Нигина Назарова дар мавзуи «Экология - кори ҳар нафар аст» тариқи онлайн гузориши видеоӣ пешниҳод намуд. Озмуни мазкур 25-уми ноябр дар шаҳри ...
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронсия бо номи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" доир гашт. Бо роҳбарии Панҷиев Файзуло Фатҳуллоевич хонандангони синфи 3 "А" дар китобхонаи литсей ҷамъ омада ин конфронсияро бо Суруди миллии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин дар конфронсия Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна, Роҳбари Созмони хонандагон Усмонов Абулхайр, Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Барак...
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номина идома дорад. Дар оғози маросими бошукӯҳ Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифата...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 01.12.2021 дар толори фарҳангии МТМУ № 66 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби МД ''Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино'' бо роҳбарии директори марказ Каримова Мавлуда даври ноҳиявии озмуни ''ХОНАНДАИ СОЛ-2021'' баргузор гардид. Дар натиҷа хонандаи синфи 10-уми МДТ "Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ДАВЛАТЁРОВА НАЗАРБАХТ бо ишғоли 186 хол сазовори ҷойи 1-ум гардид. ...