Ҷонишини директор оид ба тарбия Пирова Тахмина Мустафоевна барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ба ин муносибат ҷомеаи меҳнатии Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бори дигар табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон бурдборӣ хоҳонанд. Тани сиҳату хотири...
ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИДИ БА АНҶОМИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022, АТТЕСТАТСИЯИ АЗ СИНФ БА СИНФ ГУЗАРОНИДАН ВА ХАТМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни м...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон...
Вазорати маориф ва илми ҶТ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон намуд. Роҳбарони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номзадҳоро ҷиҳати иштирок дар озмун бояд то 18 марти соли равон ба вазорат пешниҳод намоянд. Тартиби мукофотонидани Ҷоиза бо қарори Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 тасдиқ шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки барои дарёфти Ҷоиз...
Бо пешниҳоди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2022 дар пойтахт Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардид...
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим санаи 29.01.2022 бо роҳбарии директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £35 Элчибеков Асомиддин омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассиса барои ҳамкорӣ ва таҷрибаивазкунӣ ба литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии литсей Бекназарова Мадина оиди роҳу у...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям. Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид. Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки з...
Руйихати хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғолибони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Исмоилзода Манижа Баҳром 12.04.2009 2. Хошимзода Бунафша 26.09.2008 3. Мухамадиев Ардашер Сино 04.07.2007 4. Зоиров Анушервон 17.04.2007 5. Абдуллоев Абдулло Хуршедович 2...
Имрӯз ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳамоиши мазкурро бо суруди миллӣ ҳусни оғоз намуданд. Дар ҳамоиши мазкур ҳамаи хонандагони пойтахт ва ҳамчунин хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " низ ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиш ба як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ ба хонандагони пойтахт аз ҷониби Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди...
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар». Довталабони стип...
8-16-уми январи соли ҷорӣ дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Б...
НАТИҶАИ ДАВРИ III-ЮМИ (ШАҲРӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022 Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни «Забони давлатӣ» Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ...
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз рӯи барномаи Online Professional English Network (OPEN) курсҳои 8-ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА омода гардидаанд, эълон менамояд. Мӯҳтавои барномаи ҳаштҳафтаина, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» бо он дар сомонаи намояндагии дипломатии Амрико шинос шуд, ба дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабр иброз доштанд, мувофиқ аст. Тавре дар хабарнома...
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додан дар озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 хонандагони болаёқат аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ғолиби ин озмун шуданд. Ҳошимзода Бунавша - хонандаи Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сайфуллоев Мустафо-Гирандаи стипендияи Президентӣ дар н.И.Сомонӣ Ҷалолзода Азиза-Гирандаи стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Курчиев...
Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба 3000 нафар расонида шуд. Барои ҳар як гирандаи стипендия ҳар моҳ 500 сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ доданд дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2021 амалӣ гардида, то ин муддат шумораи гирандагони стипендияи мазкур 400 ададро ташкил медод. Бояд тазаккур ...
Омӯзгорон аз Тоҷикистон имкон доранд дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи қабулкунанда ҷойгиранд, таҷриба омӯзанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ намуда, кишвари худро ба мактаббачагон ва донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Барои ин онҳо метавонанд дар озмун дар доираи барномаҳои Фулбрайт барои такмили маҳорати омӯзгорӣ барои солҳои 2022-2023 ширкат кунанд. Дар ин бора сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Fulbright Teaching Excellence and Achievement Program (FTEA) – ин ...
Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ санаи 3 ва 4 январи соли 2022 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фанни хонандагон ташкил ва баргузор карда шуд иттилоъ додан аз Сар...
Дар ин озмуни мазкур хонандаи МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Давлатёрова Назарбахт ғолиб гардид. Боиси зикр аст, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои соҳаи маориф дар Рӯзи пойтахт бо барномаи фарҳангӣ баргузор карда мешавад. http://lip.tj/life/news/-khonandai-sol-2021-/