Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

1 октября 2022 08:10

Количество просмотров: 1724

Омӯзгорони арҷманд,
Устодони гиромиқадру ҳамкасбони азиз.
Бо як ҷаҳон эҳтироми хос ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори обод ва барору комёбӣ таманно дорам.
Омӯзгор — исме, ки барои ҳар яки мо ошно, муътабар ва муқаддас мебошад. Зери ин вожаи бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва ҳидоятгару оинаи миллат таҷассум меёбад. Воқеан ҳам пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихору заҳматталаб ва пурмасъулият буда, ҳар яки моро зарур аст эҳтирому қадру манзалаташро ба ҷо оварда бошем. Омӯзгор дар баробари иҷрои рисолати ба зиммаи хеш дошта, тамоми ҳастӣ, кӯшишу ғайрат ва маллакаю дониш худро барои насли наврас мебахшад. Таълим медиҳад, касб меомӯзад, ба роҳи рост ҳидоят менамояд ва пеш аз ҳама меҳрубону ғамхор ба мисли падар мебошад.
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим - омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад''.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад. Зиёда аз, ин омўзгорон рањнамои соњибмаърифатии ањли љомеа буда, тарѓибгари бунёдкориву созандагї ба шумор мераванд. Боварии комил дорам, ки устодону омӯзгорони ин муассиса аз дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам боло бурдани савияи дониши хонандагон беш аз пеш хидмат менамоянд.
Дар охир ба Шумо устодону омӯзгорони азиз, саломативу хонаободӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Бигзор фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназир насибатон гардад.
Иди муборак бошад устодону омӯзгорони гиромӣ!