Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

Оғози даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11
27 апр

Субҳи имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Летсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, дирек...

«EDONISH». Дар Душанбе бо мақсади ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ин барномаи электронӣ фаъол гардидааст
24 апр

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо фарогирии  203 ҳазору 444 хонанда барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тариқи он барои хонандагон қариб 17 миллион баҳогузорӣ ва барои волидайн қариб 162 ҳазор  саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ба иттилои сардори Раёсати м...

ҶОЙИ ЯКУМ - 80 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ: Дастоварди беназири хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар
17 апр

Рӯзҳои 14-16-уми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада...

ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯ ‍«GLOBAL MONEY WEEK»
17 апр

Идомаи машғулиятҳои амалӣ дар самти баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ бо хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Cаноатсодиротбонк

Дастоварди хонандагони литсей дар Озмунҳои "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм", "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" ва барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе
17 апр

Санаи  15.04.2023 дар толори "Кохи Суруш" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт чорабинии идонаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он ғолибони озмунҳои шаҳрӣ бо Диплом, Ҷом ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд. Дар ин чорабинӣ хонандагони МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Озмуни "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" дар номинатсияи...

Дастоварди варзишии хонандаи Литсей-интернати Президентӣ Аминҷон Абдуҷалилзода
13 апр

Аминҷон Абдуҷалилзода хонандаи синфи 10-уми МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як қатор варзишгарони дигари ҷумҳурӣ дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки 7-8 апрел дар Алмаато баргузор шуд, дар вазни (-73кг) сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҷомеаи меҳнатии литсей бо чунин шогирдон ифтихор дорад ва ба Аминҷон дар оянда муваффақият хоҳонем.

Дар Олимпиадаи Менделеев барои мактаббачагон аз химия беш аз 20 кишвар ширкат мекунанд
12 апр

Дастаҳои беш аз 20 давлати дунё дар 57-умин Олимпиадаи байналхалқии мактабиён ба номи Менделеев аз фанни химия (ММО-57) иштирок хоҳанд кард. Ин чорабинӣ аз 1 то 6 май дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар доданд. Пас аз маҳдудиятҳои ковидӣ олимпиада дар соли 2023 бори дуюм аст, ки дар шакли фосилавӣ нею чорбарӯ мегузарад, хабар дод раиси кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур, муовини президенти АИР ва декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Л...

Ҷойи якум Литсей-интернати Президентӣ дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2023
3 апр

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ол...

219 ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд
3 апр

Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод. Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи дас...

Табрикоти директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз
20 мар

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо ба кишвари зебоманзари Тоҷикистони азизамон Наврӯзи аҷам, бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик ва соли нави аҷдодӣ қадам ранҷа карда истодааст. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва борони файзи баракат таманно дорам. Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шу...