Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҷойи якум - 70 ҷойи ифтихории хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ

1 мая 2023 03:05

Количество просмотров: 1289

Аз 27-ум то 30-юми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилям Шекспир, олимпиада аз фанни забон ва адабиёти рус, олимпиада аз фанни забони давлатӣ, олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров ва олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир) баргузор гардид, ки дар он мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.
Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2022 284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 нафар сазовори медали нуқра ва 113 нафар сазовори медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаи ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36медали биринҷӣ), вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 13 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ) ҷойи якум, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) ҷойи дуюм ва ноҳияи Данғара бо гирифтани 14 ҷойи ифтихорӣ (4 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рошқалъа, Турсунзода, Ванҷ, Варзоб, Дӯстӣ, Қубодиён, Ёвон, Норак, Рашт, Сангвор, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Муъминобод, Носири Хусрав, Файзобод, Ҷайҳун, Шаҳритус, Рушон, Дарвоз, Гулистон, Шаҳристон, Темурмалик, ва Панҷ сазовори ягон ҷойи ифтихорӣ нагардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Балҷувон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мурғоб, Истиқлол, Нуробод ва Тоҷикобод дар умум иштирок накарданд.
Маросими ҷоизасупорӣ пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳо барои хонандагони синфҳои дигар дар назар аст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон