Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.04.2023

Количество просмотров: 1828

Санаи 15.04.2023 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ Муовини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатуло Исмоил иштирокчиёни чорабинии мазкурро аз номи Роҳбарияти Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар бо Рӯзи пойтахт табрик гуфтанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Дар идомаи барнома хонандагони литсей бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукуҳтар гардониданд.

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон