Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

16 ноября 2020 01:11

Количество просмотров: 9709

Муҳтарам, Асосгузори сулҳу
Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон!


         Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  бо камоли шодмониву ифтихормандӣ Шумо ва аҳли хонадони Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош  гуфта, бароятон тансиҳатӣ, пирӯзию сарбаландӣ ва дар фаъолияти ҳамешагиатон баҳри ободиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз   комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бо боварии том изҳор менамоям, ки ба туфайли иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии Шумо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ба сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рӯ ба беҳбуд овард. Давра ба давра қонунҳои нав ва басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад. 

      Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид.     
       Ба пазируфта шуданатон ба мансаби олӣ Президенти Тоҷикистон  миллати тоҷик соҳиби такягоҳ, пушту паноҳ ва қутбнамо гардид.  Дар ҳаёти он марҳилаи нав ва пурбаракату созанда ифтитоҳ ёфт. Шумо дар симои Президенти Тоҷикистон тавонистед истиқлолияти тоҷиконро тақвият бахшед, ифодагари воқеии манфиатҳои мардум бошед, орзую  омоли халқро инъикос намоед, тоҷиконро сарҷамъу ҳаммаром созед ва ононро ба оламиён муаррифӣ бисозед.
       Миллати тоҷик ба саҳми беназиру бошарафи Шумо Президенти Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон эҳтиром гузошта, дастуру супоришҳои  бунёдкоронаи Шуморо сармашқи кору амали ҳаррӯзаи худ қарор додааст.
       Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки Шумо ҳамчун Президенти Тоҷикистон рисолати худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин менамоед.
      Ба Шумо Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти содиқона ва босамаратон баҳри эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои бузургро таманно дорам.         
       Бигузор офтоби Президенти Тоҷикистон аз имрӯзи фирӯз то фардои дурахшон, Тоҷикистони азизро боз ҳам мунаввар намояд!        
       Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 28-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! 

                     Бо эҳтироми самимӣ,
                    директори литсей:                                                                         Исмоилзода Б.М.