Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июня 2020 10:06

Количество просмотров: 18648

Кӯдакони азизу меҳрубону саодатманд!

  Ҳамасола дар саросари дунё 1-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумла дар Тоҷикистони маҳбуби мо ҳам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлӣ таманно дорам. Санаи мазкур солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.
  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 70 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост.

   Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям. Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хоса фарогиранд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, таъкид медоранд: “Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд”.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рӯзгорамонро рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса рӯз аз рӯз бештар мешавад.
  Барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи кӯдакистонҳо, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
  Дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯмаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхорӣ ба парваришгоҳҳои махсус давра ба давра такмил меёбад.

   Имсол бо дарназардошти мубориза бар зидди бемории сироятии нави коронавирус "COVID-19" баргузории чорабиниҳо муваққатан манъ карда шудааст. Бинобар ин аз Падару модарон эҳтиромона хоҳиш мегардад, ки кӯдаконро дар давраи ин бемории сироятӣ дар хона бо машғулиятҳои гуногун машғул кунанд ва аз ҳама гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд.

   Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷо ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем. 

Бори дигар фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд.
Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони азизу меҳрубон!