Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷашни Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

23 ноября 2020 10:11

Количество просмотров: 13767

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ҳамдиёрони арҷманд!

         Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ буда, ҳамчун нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ аз самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию умри дароз, бахту саодати ҷовидон, файзу иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

         Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.

         Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор  аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои  таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

         Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад.

         Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

         Мутобиқи моддаи 3-юми Конститутсияи мамлакат Парчам дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ буда, муаррификунандаи халқи соҳибватан ва кишвари соҳибистиқлол мебошад. Парчам тамоми сокинони мамалакатро таҳти як ормон муттаҳид намуда, ба сӯйи ояндаи дурахшон ва фатҳи қуллаҳои созандагию бунёдкорӣ раҳнамун месозад. Ҷилваи се ранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари таърихи пуршебу фароз ва ҳастии миллати тоҷдори тоҷик мебошад. Дар ранги сурхи Парчам талошу мубориза ва ҷоннисориҳои фарзандони диловару матини халқи тоҷик барои озодию соҳибистиқлолӣ нуҳуфта, ранги сафед – рамзи оромӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллат ва ранги сабз – рамзи ободию сарсабзии кишвари тоҷикон ва ҷаҳду талоши мардумро баҳри ободу зебо гардонидани Ватан ифода менамояд.

         Аз ин ҷиҳат, ҳамаи мову шуморо лозим аст, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла Парчами миллиро ҳамеша ба ҷо орем. Бояд моҳияти рангҳои Парчами давлатӣ маънии умр ва меъёри зиндагии мо бошад. Ҳамаи моро лозим аст, ки таҳти Парчами давлатӣ ободгарони имрӯз ва созандагони ояндаи миллату давлати худ гардида, таҳти партавафшонии он ҳамеша баҳри ободии диёр, тарбияи шоистаи фарзанд ва сарсабзию хуррамии рӯзгори худ бо нангу номуси баланди ватандорӣ саъю талош намоем.

         Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Рӯзи Парчами давлатиро бори дигар ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодиву сурури идона таманно дорам. Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!