Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Телеконференсияи Русия-Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ

Телеконференсияи Русия-Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ Телеконференсияи Русия-Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ

20 ноября 2021 10:11

Количество просмотров: 5320

Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи Рудомино ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаи Меҳмонхонаи адабӣ: адабиёти муосири Русия барои кӯдакон ва наврасон дар шакли пули телевизионӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронс (онлайн) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз Федератсияи Русия Мария Пономаренко – корманди шуъбаи адабиёти хориҷии китобхонаи Москва, Нина Дашевская, Мария Ботаева ва барандаи пули телевизионӣ Даниил Романов – адабиётшинос, журналист, коргардон ва продюсер иштирок доштанд.

  Тоҷикистонро адибон: Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз, Маҷиди Салим, Зарифи Ғулом ва сардабири маҷаллаи «Памир» Ҷумъа Қуддус, профессор Балхова С.Я. ва донишҷуёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва М.В. Ламаносов дар шаҳри Душанбе, донишҷуёни Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, хонандагони Литсейи хусусии «Раҳнамо», Литсей-интернати Президенти барои хонандагони болаёқат, намояндагони ВАО, хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасон ва кормандони Китобхонаи миллӣ намояндагӣ карданд.

Шоира Латофат Кенҷаева дар сухани ифтитоҳии худ ба Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия барои фароҳам овардани чунин як фурсати муносиби табодули афкор ва омӯзиши таҷрибаи якдигар изҳори сипос намуд.  Вай гуфт, ки имрӯз беш аз ҳар вақти дигар масъалаи ҳифзи кӯдакон ва наврасон аз ҳар гуна идеологияҳои бегонаву зараровар ва ҷалби онҳо ба созмонҳои ҷиноятӣ дар мадди аввал меистад. Маълум аст, ки Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорад, ки қобили омӯзиш аст.

Намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қайд намуданд, ки имрӯз барои рушди афкори кӯдакону наврасон дар кишвар шароити мусоид фароҳам оврада шудааст. Дар мамлакат китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаву ҳафтаномаҳо барои кӯдакон чоп мешаванд, як шабакаи телевизионӣ ҳам бо номи “Баҳористон” барои насли ҷавон фаъол аст.

Сипас, байни нависандангони Русия ва Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт ва хонандагон низ суолу ҷавоб намуданд. Дар охир байни иштирокчиён маҳфили ʺУстод-шогирдʺ гузаронида шуд, ки аз тарафи нависандагони рус тарзу усулҳои навиштани ҳикояҳои хурд мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар меҳмонхонаи адабӣ шаклҳои гуногуни мусоҳиба, суҳбати озод бо нависандагон, барандагони ҷоизаи миллии Русия дар соҳаи адабиёт ва бо мутахассисони кордони китобхонаи мазкур гузаронида шуд.

Мутахассисони Китобхона тарзу равиши истифодаи матнҳои гуногуни бадеӣ дар дарсҳои забони русиро шарҳ доданд. Ҳамчун намуна бозиҳои забондонӣ, озмунҳо ва супоришҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуд.

 Дар ин конференсия хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" бо роҳбарии муаллимаи забон ва адабиёт русс - и литсей Ҳоҷиева Нодира Бобоевна ширкат намуданд. Хонандагони аз дастоварду пешрафтҳои муасисаи таълими ва иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханрони намуданд.


259076591_456337125835528_7305513628127012130_n.jpg