Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аз шакли кӯҳнаи таҳсил даст кашид ва таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид

22 декабря 2021 09:12

Количество просмотров: 4741

Мо бо усулу барнома ва конспектҳои кӯҳнаи худ ҷавононро наметавонем соҳибкасб намоем. Аксарияти омӯзгорони мо системаи нави иттилоотӣ ва кор кардан бо донишҷӯёнро намефаҳманд. Бояд аз ин усули таълим даст кашида, онро ислоҳ намуд ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 декабр  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам  рушд ёфтани  соҳаи таҳсил дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барнома ва конспектҳои омӯзгорон ислоҳ карда шаванд ва  ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

«Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд», —  супориш доданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисо ба омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

«Бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил эътибори аввалиндараҷа диҳанд», — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, дар Паёми навбатии Пешвои миллат бахусус дар соҳаи маориф он мушкилотеро баён доштанд, ки имрӯз сари он бояд Вазорати маориф ва илми мамлакат ва ҳамаи кормандони соҳаи маориф ҷиддӣ андеша намуда, дар раванди ислоҳи камбудиҳои зикргардида саҳм гузоранд.

«Яке аз масъалаҳое, ки Сарвари давлат таъкид карданд, сифати таҳсил буда, бе таълими хуби омӯзгор он наметавонад  боло бурда шавад. Аз ин лиҳоз омӯзгороне, ки касбӣ нестанд, бо педагогика ва психология шиносоии хуб надоранд, наметавонанд диққати хонандаю донишҷӯро ҷалб намоянд. Омӯзгор бояд аз истифодаи технологияҳои муосир пурра бархурдор бошад ва ба ин восита талаботи шогирдонро қонеъ карда тавонад».

Ба зикри Ҷалолиддин Амиров, омӯзгорон барои фаъолият дар ин ё он муассисаи таълимӣ тариқи озмуни ҷоринамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд. Имрӯз зарурати тағйир додани озмуни мазкур ба миён омадааст. Бояд он дар шакли нав тарҳрезӣ гардад ва талаботи зеринро дар бар гирад: омӯзгор бо педагогика ва психология хуб шинос бошад; психологияи ҳар  кӯдак ё донишҷӯро омӯхта тавонад- бо ин роҳ диққати хонандаро ба худ ҷалб намояд; раванди таълимро хуб ба роҳ монад; бо технологияи муосир кор карда тавонад. Агар чунин талабот дар озмун  ҷорӣ гардад, бешак, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони касбӣ пурра таъмин мегарданд.

«Омӯзгорон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯйи навгонӣ бошанд, дониши худро сайқал диҳанд, пайваста ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Онҳо бояд нисбат ба касби худ шавқу рағбат дошта, ба манфиати шогирдон ва ҷомеа кор кунанд. Соати дарсии худро беҳуда нагузаронда, тавре амал намоянд, ки хонанда ё донишҷӯ аз он дарс баҳра бардорад», — таъкид намуд Ҷалолиддин Амиров.