Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






«Офтоби ифтихор» бо васфу ситоиши қаҳрамонии шаш чеҳраи маъруфи сиёсат ба нашр расид

15 апреля 2020 04:04

Количество просмотров: 18679

«Офтоби ифтихор» — таҳти чунин унвон асари тозанашри Шоири Халқии  Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Муҳаммад Ғоиб, ки васфу ситоиши бузургӣ ва дигар фазилатҳои шаш тан Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода ва чеҳраҳои маъруфи сиёсат Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемурро фаро мегирад, рӯи чоп омад.

Ин асар аз 2129 мисраъ иборат буда, қисмати аввалу охири он дар қолаби маснавӣ ва шаш достони алоҳидаи он дар шакли мураббаю мухаммас ва таркиббанд иншо шудаанд.

 index-1.jpg 

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода зимни муаррифии китоби тозанашр дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илм зикр кард, ки перомуни фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва талошҳои қаҳрамонони Тоҷикистон баҳри пояндагию саодатмандии миллат то кунун шеъру достон, очерку китобҳои хотиравӣ ва тадқиқоти зиёде сурат гирифтаанд. Таҷассуми бадеии корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат аз суханвар маҳорати хоссаи баён тақозо мекунад. Дар адабиёти асримиёнагии мо жанри қасида вазифаи ситоишии фазилатҳои мамдӯҳро иҷро мекард, ки шоири қасидасаро дар мадҳу ситоиш тамоми ҳунари шоириашро ба харҷ медод ва ба ин васила ба исми мамдӯҳ бақо мебахшид. Дар шеъри замони Шӯравӣ зимни достон ва ё шеърҳои алоҳида шахсиятҳои илмиву адабӣ ва сиёсиву фарҳангӣ васф мешуданд, аммо меъёрҳои методи адабии реализми сотсиалистӣ имкони хаёлпардозиро маҳдуд мекард ва дар ситоиши мамдӯҳ бештар санъати тавсифро ба кор мегирифтанд, ки онро  метавон баёни манзуми сифатҳои қаҳрамон номид.

Адабиётшинос зикр кард, ки имрӯз  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва озодбаёнӣ суханвар имкони бештари баёни афкору орои худро дорад. Ҳадаф аз шеър, пеш аз ҳама, хушояндӣ аст. Дар ашъори навъи тавсифию ситоишии қаҳрамонони миллат шоири асил метавонад тавассути ҳунари воло ва сеҳри сухан ба исми мамдӯҳ умри абадӣ бахшад. Дар муаррифӣ кардани хидмату корнамоиҳои қаҳрамонони Тоҷикистон сабки баёни Муҳаммад Ғоиб ҷолиб аст. Ӯ кӯшиш кардааст, ки мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар як қаҳрамонро дар заминаи фазилатҳои фардии онҳо инъикос созад.

Дар андешаи шоир қаҳрамон оинадор ва сояи парвардигори миллат аст, ки ҳамвора дар фикри меҳан хилъати номус ба тан мегирад. Дар майдони кашокашҳо худро ба обу оташ мезанад то ифтихори халқу миллат бошад ва аз баҳри ҷон мегузарад. Дар саросари достонҳои китоб нобасомониҳои рӯзгор, ҷабри таъриху зулму тааддӣ нисбат ба миллат ва шахсиятҳои таърихии он, муборизаҳои афроди ҷоннисор баҳри озодию истиқлол ба мушоҳида мерасанд.

Бабри хашмам аз паси талҳои лаб берун шавад,
Сояи рӯзи зафар аз ғори шаб берун шавад.
Гӯям ин саҳро замини куҳнабунёди ман аст,
Ин қаламрав мулки меросии аҷдоди ман аст.

мегӯяд шоир ва муборизаҳои Коваву Фаридун, Курӯшу Амир Ҳамза, Спитамену Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъро дар саҳнаи хаёлаш ҷилвагар месозад:

Мастҳоро шӯриши Восеъ агар бедор кард,
Хуфтаи айёмро Айнӣ зи нав бедор кард.
Баъди садҳо зулм озодӣ насибам гаштааст,
Баъди ғамҳои фузун шодӣ насибам гаштааст.
Дорад акнун кишвари ман Пешвои хешро,
Ҳам нишону ҳам суруду ҳам ливои хешро.
Парчами озодиямро то абад дорам нигоҳ,
Тахту бахти шодиямро то абад дорам нигоҳ.

Дар ситоишу васфи қаҳрамонҳои миллат Муҳаммад Ғоиб аз доираи воқеият берун намеравад. Матлаб ин аст, ки чун суханварони пешин дар олами рангини тахайюл муболиғапардозӣ намекунад, балки ҳақиқатеро баён менамояд, ки мавриди эътирофи ҳамагон гаштааст. Дар ситоиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯ сифатҳоеро баён месозад, ки байни мардум достон гаштаанд. Албатта, дар як достони кӯтоҳ баён кардани тамоми фазилатҳои Пешвои миллат ғайриимкон аст, аммо шоир аз сари сидқу самимият бо як шеваи фасеҳу дур аз такаллуф дилогоҳиву зиндагихоҳӣ, шуҷоатпешагию дардошноӣ, ғамгусорию имдодгарӣ, озодгариву ободгарӣ, иршодгариву адолатпешагии ин фарзанди фарзонаи миллатро ба риштаи тасвир кашидааст:

Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард,
Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.
Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,
Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.

Ин шуҷоатпеша, ин дардошнои беназир,
Рафт бар пеши гаравгирон ба сӯи тӯпу тир.
Шуд бадастафтодагони нотавонро дастгир,
Кард озод ӯ зи чанги қотилон садҳо асир.

Нест мислаш дар ҷаҳон ғамхори дур аз беғамон,
Дод бар рангинкамон ҷои ҳама тиру камон.
Дар забони носипосон аст як фарди замон,
Дар забони посдорон аст номаш Қаҳрамон.

«Манзумаи «Офтоби ифтихор»-и Муҳаммад Ғоиб аз беҳтарин асарҳои солҳои охир эҷодгашта дар мавриди арзишҳои волои миллӣ, хосса қаҳрамонони Тоҷикистон мебошад. Ин асар барои бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат нақши муассир дорад. Ташаббуси Муҳаммад Ғоиб бояд аз ҷониби суханварони дигар низ мавриди истиқбол қарор гирад», -хулоса намуд директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода

 Muhammad-Goib-244x300.jpg 

Муҳаммад Ғоиб аз зумраи суханварони сермаҳсулест, ки солҳои ҳафтодуми садаи бист ба майдони адабиёти тоҷик қадам гузошта, то ба имрӯз ҳам дар ҷодаи шеър, ҳам наср, ҳам адабиёти кӯдак ва ҳам драматургия табъозмоӣ намуда, беш аз 50 маҷмӯаи осор манзури хонандагон гадонидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Муҳаммад Ғоиб дар радифи беҳтарин шоирони ватансаро бо ашъори аз лиҳози  иҷтимоӣ қавӣ ва чун  тараннумгари арзишҳои волои миллӣ мақоми хоссаро дар адабиёт соҳиб гаштааст. Беҳтарин шеърҳои ватандӯстонаи ин шоири ширинкаломро сарояндагону ҳунармандони номӣ ба оҳанг дароварда, замзама мекунанд, ки имрӯз вирди забони мардум гардидаанд.

«Офтоби ифтихор»-ро нашриёти «Эр-граф» интишор намудааст.