Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад

3 декабря 2020 03:12

Количество просмотров: 17656

Аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ   5 толори махсус  барои ҳар як наминатсия омода карда шудааст. Масъулони Китобхонаи миллӣ  ҳоло пайи ороиши толорҳо, насби намолавҳа ва дигар корҳои муҳим машғул мебошанд.  Ҳадаф аз ин омодагиҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Зимни суҳбат бо мо муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории давари ҷамбастии озмун ҳамаҷониба омода мебошад. Ҳар як номинатсия бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шуда,  барои ҳар номинатсия 15 нафар роҳбаладон аз ҳисоби кормандони Китобхона  ҷудо гардида, ҳар толор ба таври махсус вобаста ба наминатсияи озмун ороиш дода шудааст.

Ба иттилои Гадобег Маҳмудов,  шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун 267 нафарро аз рӯи 5 номинатсия ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ 23 нафар мебошанд.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

Дар озмун нахуст иштирокчиёни вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон,  баъдан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва дар охир довталабони шаҳри Душанбе шунида мешаванд.

Ба андешаи муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов, ба се гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён кори доваронро хеле осон мекунад. Иштирокчиёни озмун бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Илова бар ин дар ҷараёни баргузории озмун иштирокчиёнро саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти мамлакат интизор аст.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» андешида шудаанд. Ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат- «Тоҷикистон», «ТВ Баҳористон», «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе-HD» сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»