Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар Душанбе китоби нав таҳти унвони «Забони давлати Сомониён» ба нашр расид

28 декабря 2020 12:12

Количество просмотров: 13224

«Забони давлати Сомониён» таҳти чунин унвон китоби шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон, ки дар нашрияи академии «Palmarium academic publishing» дар Аврупо ба нашр расида буд, дар Душанбе ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп гардид.

Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши давлати Сомониён ва давраи сомониро дар таъмини бақои миллат ва забону фарҳанги миллии мо сарнавиштсоз арзёбӣ кардааст. Ба андешаи Пешвои миллат: «Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд. Донишмандони тавоное чун устод Садриддини Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Евгений Бертелс борҳо изҳор доштаанд, ки агар Сомониёни хирадпарвару фарҳангдӯст ба арсаи сиёсат ва давлат намеомаданд, имрӯз сарзамини тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қаламрави нажоду забони аҷнабиён ба шумор мерафт ва адабу фарҳанги ҷаҳоншумули мо чун ғунча лаб во накарда, пажмурда мегашт ва ба боди хазон мерафт. Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хосса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд».

Дар китоби «Забони давлати Сомониён» рӯзгори давлатдории Сомониён (875-999) равшантарин фасли таърихи сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик  арзёбӣ шудааст. Инчунин таъкид гардидааст, ки забони тоҷикӣ  дар қаламрави давлати Сомониён ба шарофати сиёсати фарҳангии оқилона ва дурандешонаи амирони фозили ин сулолаи некном, ба сифати омили ваҳдатофар ва ҳамбастагии миллӣ рушду боландагии беназиру бесобиқа пайдо кард ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, ки доманаи таъсиру нуфузи он то ба замони мо идома дорад.

Дар бахшҳои китоб, аз қабили «Намунаҳои барҷастаи забони назму насри аҳди сомонӣ», «Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён», «Ҳаким Фирдавсӣ ва шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Абуалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ – устодони бузурги забони илм» дар хусуси нахустин намунаҳои назму наср ба забони модарии мо (Абуҳафси Суғдии Самарақндӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ, Бассоми Курди Хориҷӣ, Муҳаммад ибни Мухаллад, Фирӯзи Машриқӣ, Абусулайки Гургонӣ, Масъудии Марвазӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Фароловӣ, Дақиқӣ, Кисоии Марвазӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Робиаи Балхӣ, Башшори Марғазӣ, Абутаййиби Мусъабӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абуалии Балъамӣ, Абуяъқуби Сиљистонї, Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ, Муваффақи Ҳиравӣ…), забони баёни сурудаҳои устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, забони нигориши илмии Абуалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ сухан рафтааст.

Ба андешаи муаллифи китоб, Сомониён бо арҷгузорӣ ва гиромидошти забони модарӣ на танҳо ба пайкари забон ва миллати куҳанбунёди мо рӯҳи нав дамиданд, балки тавассути сиёсати фарҳангии оқилонаву дурандешона ба расму ойинҳои қадими аҷдодӣ ва ҷашнҳои суннатӣ дубора расмият бахшида, бақои рӯҳи миллии эронию ориёиро барои садсолаҳо таъмин карданд.

Муаллифи китоб иброз медорад, ки забони модарии мо баъди сар омадани рӯзгори давлати Сомониён дар асрҳои баъдӣ низ аз имтиҳонҳои ҷиддии таърих бо сари баланд гузашт ва акнун дар рӯзгори имрӯзаи ба истилоҳ «ҷаҳонӣ шудан» ҳам метавонад бо ҳиммати соҳибзабонон асолату шевоии худро ҳифз намуда, ба ояндагон мерос гузорад.

Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.