Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!  Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон     Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!   Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.   Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи...

30 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад

Имрӯз дар Тоҷикистон расман Рӯзи ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Дар қаламрави шеъри форсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот  ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии  фалсафаву ҳикмат ва  масоили бисёри дигар бо Мавлавӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вижагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан  “Маснавӣ”-и  Мавла...

22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда...

АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ – ОШИҚИ ВАТАН ВА МИЛЛАТ. Чунин нигоштааст профессор Равшан Раҳмонӣ хотироташро бахшида ба 100-солагии ин олими номвар

«Устоди гиромиқадр Муҳаммад Осимӣ марди чеҳракушоду фозил, донишманду оқил, дилҷўю одил буданд. Устодро дар ҳар ҷо – дар донишгоҳ, фарҳангистон, ҳамоиш, кўча, ҳатто аз тариқи телевизион, ҳар гоҳе ки лаҳзае дида ба дидор расида бошад, фақат бо хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва дилҷўӣ дидаам. Бо ҳама бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Бо ин донишманди хушбархўрду шарифу зариф дидорҳое доштам, ки хотирмон буданд…». Чунин нигоштааст зимни баёни хотираҳои худ аз мулоқотҳо бо  академик  Осимӣ  профессор Равшан РАҲМОНӢ. ...

Вақте рисолат бо масъулият тавъам аст...

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Рӯйдоди мазкур пураҳамият ва идомаи мантиқии дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ба ин соҳаи муҳим маҳсуб шуда, масъулияти роҳбарият ва корманд...

Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75-солагӣ  бинобар беморӣ аз олам даргузашт. Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад. Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили ...

ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.  ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   1. Муқаррароти умумӣ 1.1. Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро тасдиқ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. ...

Вазорати маориф ва илм ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасилро бо хонандагон фаъол мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар самти ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасил бо хонандагон, падару модар ва аҳли ҷомеа фаъолона кор мебарад. Бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақ...

Хонандагон матнро бояд чӣ тарз бихонанд? Тавсияҳои адиби тоҷик Азизи Азиз ба омӯзгорон

Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароран...