Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.11.2020, №621) барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола барои дарёфти ҷоиза озмун баргузор мегардад.    Мақсади сарфарозгардонӣ бо ҷоизаи давлатӣ  дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, бала...

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ   5 ...

Нақши Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ

Дар кишвари мо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-соли таърихӣ сипарӣ мегардад ва мо шоҳиди онем, ки арзишҳои волои ин бахтномаи миллат барои таъмини мустақилияти комил, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири мо нигаронида шудаанд. Дар шароити муосир нақши рўзафзуни Конститутсия ҳамчун санади олиии ҳуқуқӣ дар  давлатдории ҳар як давлати соҳибихтиёр равшан муайян гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар муддати 29-соли истиқлоли давлатӣ и...

МУАРРИФИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз нав вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.     Ба ин муносибат дар толори нави Вазорати маориф ва илм бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷамъомад баргузор гардид.    Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷ...

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН НАМУДАНИ ИМОМЗОДА М.С.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Имомзода М.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : 1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок намуданд

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардум...

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Ҳамватанони азиз!  Ҳозирини гиромӣ! Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям. Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом...

Пандемияи COVID-19 пайдоиш, хатар ва пешгирии он

 Микробҳо ва вирусҳо гуногун мешаванд ва доштани маълумоти умумӣ аз табиат, пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳо, муддати инкубатсионӣ ва мутатсияи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар нигоштаи мазкур оиди хосиятҳои болозикршудаи COVID-19 сухан меравад.   Мо дар бораи оилаи вирусҳое, ки ба эпидемияи гузаранда ва марговар масъуланд, чӣ медонем? «COVID-19»: чаро 19?   Пас аз муайян кардани CoV-2019 дар аввал ин коронавируси нав SARS-CoV-2 ном дошт (SARS–Severe Acute Respiratory Syndrome - "Си...

Забони мо - муаррифгару мушкилкушои мо

Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад,  ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи  навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи мода...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!  Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи...