Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Бекназарова Мадина Давлатёровна бо нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сазовор шуданд.

Омӯзгори синфҳои ибтидоии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бекназарова Мадина Давлатёровна барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сазовор шуданд. Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ муаллимаи азизро барои сазовар шудан бо ин нишони фахрӣ самимона муборакбод намуда, дар фаъолиятҳои минбаъдаашон пешрафту бурдбориҳо таманно карданд.

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17 марти соли 2021 дар муассисаи таълимӣ бо иштироки Холова Зарина-намояндаи Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мадаминова Истода ва Назарова Ҷамила намояндагон аз Маркази саломатии шаҳрии рақами 2 ва омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

Ярмаркаи фурӯши китоб дар Литсейи Президентӣ

Имрӯз дар шаҳри Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  «Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб» ярмарка-фурӯши китоб доир гардид Ярмаркаи фурӯши китоб бо мақсади ҷалби кормандону хонандагон ба хондани китоб, баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, эҳтиром нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо, омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гузаронида шуда, зимни ифтитоҳи он Роҳбарияти Муасиссаи та...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии ...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНБа ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва вар...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон в...

Бо дастури Пешвои миллат имсол 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб тибқи супориши Сарвари давлат тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд: Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот то аввали моҳи майи соли 20...

Нуктаҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ва илми кишвар

Муҳтарам вакилони халқ! Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо ...

ТАҶРИБАИ НАХУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН. Миёни хонандагони шаҳри Душанбе ду олимпиадаи нав баргузор мегарданд

Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад. Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкил ва баргузории олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, зеро чунин олимпиада танҳо дар  Россия ва Беларус доир мегардид.  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нақша ...

Дар Душанбе китоби нав таҳти унвони «Забони давлати Сомониён» ба нашр расид

«Забони давлати Сомониён» таҳти чунин унвон китоби шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон, ки дар нашрияи академии «Palmarium academic publishing» дар Аврупо ба нашр расида буд, дар Душанбе ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп гардид. Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши давлати Сомониён ва давраи с...