Санаи 10.01.2020 дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли кормандон ва омӯзгорони муаассиса, ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад омӯзгори фанни таърих Баҳодури Бахтиёр маърӯза намуда, дар охири ҷамъомад омӯзгорон фикру андешаҳои худро нисбати Паёми Пешвои миллат баён намуданд.