Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021.

Дастаи олимпии Литсейи Президентӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштироки фаъолона намуда сазовори 13 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. 1. Савзалиев Далер-география 83.5 хол, ҷойи I-ум. 2. Искандаров Муҳаммад - География 74,5 хол ҷойи II-юм. 3. Исозода Шоҳина - География 53 хол, ҷойи III-юм. 4. Зарифова Манижа - Биология 83 хол, ҷойи II-юм. 5. Ёрова Фотима - Биология 79 хол, ҷойи II-юм. 6. Ёрова Зуҳро - Биология 70 хол, ҷойи III-ю...

Вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия бо хатмкунандагони муассисаи таълимӣ.

Cубҳи имрӯз вохурии намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия бо хатмкунандагони муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" доир гашт. Номояндагони ин донишгоҳҳои мазкур хонандагони Литсейро барои таҳсил дар қаламрави Федератсияи Россия даъват намуданд. Хонандагон бо онҳо ҳамсуҳбат шуда ба онҳо саволҳои худро дода ва посух гирифтанд.

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Рӯзҳои 27-28–уми марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид.    Дар олимпиадаҳои мазкур 498 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 243 нафар ва аз мактабҳои типпи нав 255 нафар иштирок намуда, 175 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардиданд.     Бояд зи...

Конфронси онлайнии хонандагони Литсей бо Донишгоҳи ADA - Ҷумҳурии Озарбойҷон

Имрӯз хонандагони синфҳои 10 ва 11-и Муасиссаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" бо раҳбарии Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна конфронси онлайнӣ бо Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA) - и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор намуданд. Менеҷери Донишгоҳи ADA Ҳусейнова Айтекин ин донишгоҳи бузургро бо хонандагони Литсей тариқи презентатсия муарифи намуданд. Таҳсил дар Донишгоҳи ADA ба забони англисӣ сурат мегирад, ...

21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз меёбад

21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин б...

Даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

3 март дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз рӯйи шаш номинатсия — «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Speeling Bee», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот» ва «Ғолибони ол...

Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 яке аз беҳтарин дастаи олимпӣ дониста шуд.

Дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф ва Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе маросими ҷоиза супории даври сеюми олимпиадаи (Шаҳрӣ)-и фаннии хонандагон баргузор гурдид. Дар соли таҳсили 2020-2021 дастаи олимпии Литсейи Президентӣ бо гирифтани 53 ҷойи ифтихорӣ дар шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин дастаи олимпӣ дониста шуд. Ногуфта намонад, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз замату талошҳои бесобиқаи роҳбари ин муа...

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини вазири маориф ва илми мамлакат Латофат Назирӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд. Мавсума Муинӣ ба маросим ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати ми...

ҚАБУЛИ АЪЗОЁН БА САФИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН.

Бахшида ба 21 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ, имрӯз 26 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" чорабинии тантанавии қабули аъзоён ба сафи созмони хонандагон, зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” бо иштироки як қатор меҳмонон – омӯзгорони собиқадор ва хонандагону омӯзгорони муассиса баргузор гардид.

Конфронси онлайнии хонандагони Литсей бо Донишгоҳи Алмаато(AlmaU)

Имрӯз дар Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бо Донишгоҳи Алмаатои ALMA конфронси онлайн оид ба касб баргузор гардид, ки дар давоми он хонандагони синфҳои 10г ва 11г - Литсей видео ва презентатсияро дар бораи ин донишгоҳ тамошо карданд. Хонандагони саволҳои худро дар бораи қабул ба онҳо додан ва посухи худро гирифтанд.   https://www.almau.edu.kz/