Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Конфронси онлайнии хонандагони Литсей бо Донишгоҳи ADA - Ҷумҳурии Озарбойҷон

19 марта 2021 09:03

Количество просмотров: 29933

Имрӯз хонандагони синфҳои 10 ва 11-и Муасиссаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" бо раҳбарии Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна конфронси онлайнӣ бо Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA) - и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор намуданд. Менеҷери Донишгоҳи ADA Ҳусейнова Айтекин ин донишгоҳи бузургро бо хонандагони Литсей тариқи презентатсия муарифи намуданд. Таҳсил дар Донишгоҳи ADA ба забони англисӣ сурат мегирад, довталабони хориҷӣ дар асоси озмун аз рӯи натиҷаҳои мусоҳибаи онлайн ба қайд гирифта мешаванд Дар ин конфронси мазкур зикр гардид, дар Донишгоҳ бо тамоми шароити муосири замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуда ва донишҷӯён аз чандин давлати дунё  аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи миёна низ таҳсили илм мекунанд. Хонандагони Литсейи ин конфронси мазкурро бо як руҳияи баланд тамошо намуда, ва инчунин саволҳои худро ба онҳо пешниҳод карда ва посухи худро гирифтанд. Дар охири ин конфронс видеоролик ва сомонаи ин донишгоҳи бузург муарифи гардид.

Донишгоҳи ADA бо фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 13 январи соли 2014 таъсис ёфтааст. Донишгоҳ як муассисаи олии таълимии давлатӣ мебошад, ки ба ғайр аз пешрафти тадқиқот дар таҳвили барномаҳои бакалаврӣ ва баъдидипломӣ машғул аст.

Донишгоҳ вориси ҳуқуқии Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA) ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Онҳо моҳи январи соли 2014 барои таъсиси Донишгоҳи ADA муттаҳид карда шуданд.

Академияи Дипломатии Озарбойҷон, ки 6 марти 2006 таъсис ёфтааст, аз моҳи январи соли 2007 ба дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар ҳукумат барномаи пешрафтаи хидмати хориҷиро пешниҳод менамояд. Академия аввалин магистрро моҳи сентябри соли 2009 оғоз намуда, баъд аз рӯи дараҷаҳои бакалавр дар моҳи сентябри 2011.

Screenshot_3.png

Screenshot_3.png

Сомонаи расмии Донишгоҳи ADA - Ҷумҳурии Озарбойҷон: https://www.ada.edu.az/